Ҷуброн ва офиятбахшӣ: Чаро ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа душворамалишаванда боқӣ мемонанд?

Ҷуброн ва офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона унсурҳои асосии татбиқи тавсияҳои мақомоти байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ боқӣ мемонанд. Ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллии Тоҷикистон ба ҳар як қурбонӣ ҳуқуқ ба ҷуброни одилона ва муносибро, ки бояд воситаҳоро барои офиятбахшӣ дар бар гирад, кафолат медиҳанд. Қонун инчунин пешбинӣ мекунад, ки ҷуброни зарари маънавиро новобаста аз гуноҳи расонандаи зарар гирифтан мумкин аст. Аммо таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ба даст овардани ин ҳуқуқ дар амал аксар вақт душвор аст.

Заминаи ҳуқуқии Тоҷикистон ба ҷабрдидагон имкон медиҳад, ки ба суд бо даъвоҳои гражданӣ барои ҷуброни зарари маънавӣ, ҷисмонӣ ё зарар ба обрӯ муроҷиат намоянд. Кодекси гражданӣ имконияти ҷуброни зарареро, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла амалҳои мансабдорон расонида шудааст, пешбинӣ мекунад. Гарчанде истилоҳи "шиканҷа" ба таври возеҳ истифода намешавад, моддаи 991-и КГ асосҳои ҳуқуқиро барои гирифтани ҷуброн барои ранҷу азоби маънавӣ ва ҷисмонӣ муқаррар мекунад. Ин механизмҳо иловаи муҳим ба ҷавобгарии ҷиноятии дар моддаи 143, эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятӣ муқарраргардида ҳисобида мешаванд, ки ҷазоҳоро барои шиканҷа, аз ҷумла ҳолатҳои вазнинкунанда ва ҷавобгариро барои расонидани зарари вазнин ё марги ҷабрдида муқаррар мекунад.

Дар баробари ин, ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ - ба монанди Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва моддаи 14-и Конвенсияи зидди шиканҷа - ҳуқуқи бечунучарои ҷабрдидагон ба ҷуброн ва дастрасӣ ба офиятбахшии пурраи имконпазирро тасдиқ мекунанд. Таҳлилҳои созмонҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон қисми назарраси хизматрасониҳои офиятбахшӣ аз ҷониби ТҒД ва ниҳодҳои байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд, ки аз набудани системаи устувори дастгирии давлатӣ шаҳодат медиҳад.

Мушкилот дар гирифтани ҷубронпулӣ асосан аз набудани равишҳои шаффоф ва ягона барои муайян кардани маблағи зарари маънавӣ дар амалияи судӣ ба миён меоянд. Қонун худи ҷабрдидагонро вазифадор месозад, то маблағи ҷубронро муайян кунанд ва онро дар суд асоснок намоянд, ки ин вақт, захираҳо ва дастгирии ҳуқуқии тахассусиро талаб мекунад. Судҳо ҳангоми арзёбии дараҷаи ранҷу азоб ба "боварии ботинӣ" такя мекунанд, ки боиси қабули қарорҳои пешгӯинашаванда ва аксар вақт номувофиқ мегардад. Ҷубронҳои таъиншуда аксар вақт нокифояанд ва вазнинии оқибатҳои расонидашударо инъикос намекунанд. Барои бисёре аз ҷабрдидагон солҳои тӯлонии мурофиаҳои судӣ ба як мушкил табдил меёбанд, ки устувории назарраси равонӣ ва молиявиро талаб мекунанд.

Адвокатҳои Эътилоф инчунин дигар мушкилоти системавиро низ зикр мекунанд. Дар як қатор парвандаҳо масъулият ба дӯши нафарони алоҳида вогузор мешавад, дар ҳоле ки ниҳоде, ки эҳтимол онҷо шиканҷа истифода гардидааст, аз ҷавобгарӣ канорагирӣ мекунад. Мурофиаҳо дар чунин парвандаҳо тӯл мекашанд ва ҷабрдидагон маҷбур мешаванд, ки моҳҳо барои иҷрои қарорҳои суд талош кунанд. Ғайр аз ин, танҳо ҷуброни пулӣ обрӯ, саломатӣ ва мавқеи иҷтимоии аз даст рафтаро барқарор намекунад. Ба назари ҳуқуқшиносон, узрхоҳии расмии мақомоти давлатӣ бояд яке аз унсурҳои барқарор кардани адолат гардад.

Мутахассисон пешниҳод мекунанд, ки дар қонунгузорӣ барои ҳолатҳои марг дар пайи шиканҷа бояд маблағи ҳадди ақали ҷуброн муқаррар карда шавад. Ин маблағ вобаста ба шароит метавонад зиёд, аммо набояд кам карда шавад. Ғайр аз ин, буҷаи давлатӣ бояд банди алоҳидаеро пешбинӣ намояд, ки ҷуброни амалҳои ғайриқонунии мансабдоронро фаро гирад.

Тоҷикистон аллакай қадамҳои муҳимро бо роҳи тасдиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва ворид кардани моддаи алоҳида дар бораи шиканҷа ба қонунгузории ҷиноятӣ гузоштааст. Аммо барои мутобиқати пурра бо уҳдадориҳои байналмилалӣ, зарур аст, ки ҳуқуқ ба офиятбахшӣ, таъсиси механизмҳои давлатии таъмини он ва беҳтар сохтани амалияи судӣ дар парвандаҳои вобаста ба ҷуброн ба таври қонунӣ ворид карда шаванд. Омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти стандартҳои ҳуқуқи инсон, васеъ кардани дастрасӣ ба офиятбахшӣ ва рушди ҳамкории давлат бо ТҒД, ки айни замон бори вазнинро дар ин самт бар дӯш доранд, низ муҳим аст.

ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» ва Манижа Аҳмадова