Дар давоми ним сол Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ 20 муроҷиат оид ба шиканҷаро ҳуҷҷатгузорӣ кард

Фаъолияти ГКҲ ба пешбурди таъсиси системаи самараноки вокуниш ба аризаҳо дар бораи шиканҷаву муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо барои расонидани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст.

Дар соли 2019 ГКҲ фаъолияташро дар самти расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа, таваҷҷуҳ ба мурофиаҳои судии стратегӣ ва ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои истифодаи шиканҷа идома дод. Ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ба Эътилоф имкон медиҳад, ки бевосита маълумот оид ба вазъи шиканҷа дар кишварро дастрас намояд. Таваҷҷуҳ ба мурофиаҳои судии стратегӣ бошад, барои ноил гардидан ба ташкили таҷрибаи устувори истифодаи меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа, инчунин таҷрибаи пардохти ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ кӯмак мерасонад. Инчунин, омодасозии матолиб барои ҳуҷҷатҳои таҳлиливу гузоришҳои алтернативӣ ба мақомоти СММ, ҳамзамон дар доираи муколамаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳуқуқи инсон идома ёфт.

Баҳри муайянсозии доираи фарогирии истифодаи шиканҷа ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона амалӣ карда мешавад. Ҳуҷҷатгузорӣ бо истифода аз муроҷиати қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва ё хешовандони онҳо ба Эътилоф ё дастрас намудани иттилооти аввалия аз дигар шахсони манфиатдор, ВАО, ТҒД, адвокатҳо, табибон ва ғайра амалӣ мегардад.

Дар давраи аз 1-уми январ то 30-юми июни соли 2019 аз ҷониби котиботи Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои узви Эътилоф 20 муроҷиат оид ба масоили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ гардид, ки аз онҳо 3 ададаш нисбати занон аст. Аз рӯи 4 парвандаи солҳои қаблӣ кор идома ёфт.

Аз ҷониби ташкилотҳои узви ГКҲ инчунин оид ба масоили шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шарафу ҷазо машваратҳо дода шуд. Аз тарафи ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» хизматрасонии адвокат аз рӯи 5 парванда оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона таъмин гардид, ба 16 нафар, бо шумули хешовандону шоҳидон аз рӯи парвандаҳо машварат дода шуда, 24 ҳуҷҷат таҳия карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби коршинос оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар масъалаи ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ кӯмаки коршиносӣ пешниҳод гардид. Кӯмаки машваратӣ дар гузаронидани таҳлили ҳуҷҷатгузории тиббӣ, коркарди дархост дар бораи таъини ташхиси ҳамаҷониба, таҳияи стратегия барои ҷамъоварии далелҳои тиббӣ дар марҳилаи санҷиши пешакӣ ва оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятии марбут ба истифодаи далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузорӣ 8 мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шуд, ки мурофиаро бо нобаробарии иштирокчиён то 3-5 соат ба таъхир гузоштаанд (сабабҳои таъхир на ҳамеша шарҳ дода мешавад ва аз ҷониби суд барои таъхир узр пеш оварда намешавад): айбдоркунандаи давлатӣ (прокурор), котиб ва кормандони милитсия дар толори суд аз телефонҳои мобилиашон истифода мебурданд, дар ҳоле, ки ҳамон замон, ҳангоми ворид шудан ҷузвдони дигар иштирокчиёни мурофиа тафтиш мешуду супоридани телефонҳои мобилиашон зарур буд; имкониятҳои нобаробар барои иштирокчиён (дархостҳои адвокатҳо рад карда мешуданд ё қонеъ карда намешуданд, дар чанд ҳолат вокуниш ба шикоят аз шиканҷа дида намешуд); маҳдуд кардани дастрасӣ ба толори мурофиаҳои судӣ бидуни шарҳ (дар баъзе ҳолатҳо барои иштироки нозирон дар толори суд аз ҷониби судяҳо зиддият вуҷуд дошт); дар баробари мурофиаҳои судӣ, инчунин ба инфрасохтори биноҳои судҳо бояд таваҷҷуҳ кард: дастрасӣ ба бино, бехатарии суд, дастрасӣ ба иттилоот, мавҷудияти ҳоҷатхонаҳо, дастрасӣ барои маъюбон ва ғайра. Инчунин, мавҷуд набудани гармидиҳии толорҳои мурофиаҳои судӣ дар зимистон ва вуҷуд надоштани салқинсозӣ дар тобистонро хусусан дар ноҳияҳои дурдаст зикр намудан зарур аст. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳангоми пурсиш сухани адвокатро мебурид ва мавқеи гумонбаршударо дастгирӣ кардаву луқма мепартофт.

Дар давраи ҳисоботӣ консепсияи дастурамал барои адвокатҳо оид ба ҳуҷҷатгузории тиббии шиканҷа таҳия карда шуд. Аз ҷумла, аҳамият ва зарурияти таҳияи дастурамал тибқи қонунгузории миллӣ дар самти ҷанбаҳои тиббӣ ва стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, Қоидаҳои Нелсон Мандела ва дигар стандартҳои байналмилалӣ. Айни замон дастурамал дар ГКҲ дар марҳилаи баррасӣ шудан қарор дорад.

NoTorture.Tj