Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 10-уми май дар Душанбе вохӯрии корӣ оид ба баррасии гузориши Ҳукумати ҶТ дар бораи раванди иҷрои баъзе тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони Ҳукумати ҶТ, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалие, ки дар кишвар ба қайд гирифта шудаанд, иштирок намуданд.
Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар рафти ҷаласаи худ соли 2018 гузориши даврии сеюми Тоҷикистонро баррасӣ кард ва тибқи натиҷаҳои баррасӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардиданд. Бо мақсади иҷрои тавсияҳои мазкур аз ҷониби Комиссияи таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсони назди Ҳукумати ҶТ аз 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2020 таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Масалан, дар банди 10-уми тавсияҳои ниҳоӣ (Тафтиши ҳолатҳои истифодаи шиканҷа) гуфта мешавад, ки тибқи қонунгузории ҷиноятӣ-мурофиавӣ (моддаи 161 КМҶ ҶТ) парвандаҳои ҷиноятӣ аз рӯи моддаи 143(1) КҶ ҶТ, ки барои шиканҷа ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст, бояд аз ҷониби муфаттишони мақомоти прокуратура, ки мустақилияташон ба ғайр аз моддаи 39-и КМҶ инчунин бо Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» кафолат дода шудааст, тафтиш карда шаванд. Вобаста ба механизми фаврӣ, самаранок ва беғаразона тафтиш кардани ҳамаи ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона бояд зикр намуд, ки ба ғайр аз меъёрҳои КМҶ дастурҳои дохилии мақомоти прокуратура қабул гардидаву амал мекунанд, ки механизмҳои вокуниши фаврӣ ва тафтиши самараноки шиканҷаро дар назар гирифтаанд. Бо санадҳои меъёрии мазкур маҷмуи масоили мушаххас ҳангоми санҷиш ва тафтиши далелҳои эҳтимолии истифодаи шиканҷа, таъмини бехатарии шоҳидон ва қурбониёни шиканҷа, муваққатан аз кор барканор кардани гунаҳгорони эҳтимолӣ, то натавонанд ба рафти тафтишот таъсир расонанд ё ба қурбониву шоҳидон фишор оранд, гузаронидани санҷиши қатъии ҷойи воқеа, пурсиши тамоми гумонбаршавандагон, шоҳидон, кормандони боздоштгоҳҳо, кормандони тиббӣ, гузаронидани ташхисҳои зарурии тиббиву равонӣ ва ғайра муқаррар карда шудаанд.
Мутобиқи моддаи 145 КМҶ ҶТ, мақомоти тафтишотӣ, муфаттиш ва прокурор уҳдадоранд, ки ариза ва маълумот дар бораи дилхоҳ ҷинояти омодашудаистода, содиршудаистода ё содиршударо қабул кунанд, ба қайд гиранд ва баррасӣ намоянд ва дар муддати на зиёдтар аз се рӯзи дастрас кардани ариза ва маълумот дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ ё рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул намоянд. Нусхаи қарори қабулгардида дар муддати на камтар аз як шабонарӯз ба прокурор барои омӯзиши қонунӣ ва асоснок будани он фиристода мешавад. Ғайр аз ин, маълумот дар бораи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона новобаста аз мавҷудияти аризаи ҷабрдида санҷида мешавад.
Намунаи равшани тафтишоти самаранок ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани нафарони гунаҳгор ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Суғд аз 19-уми июни соли 2018 ба шумор меравад, ки тибқи он афсарони милитсия Юлдошев Латифҷон, Шамсиддинов Шуҳратҷон ва афсари мақомоти амниятӣ Наимов Муҳаммад, ки шаҳрванд Хоҷаназаров К.-ро ғайриқонунӣ боздошту латукӯб кардаанд, мувофиқи банди “б”-и қисми 3-и моддаи 143(1) (Шиканҷае, ки оқибатҳои вазнин ба вуҷуд овардааст) ва қисми 1-и моддаи 358 (Ғайриқонунӣ боздошт кардан ё нигоҳ доштан дар ҳабс)-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста ва ба муҳлатҳои 13 ва 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Дар маҷмуъ, дар давраи аз соли 2013 то соли 2018 мутобиқи моддаи 143 (1)-и Кодекси ҷиноятӣ аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ 5 парвандаи марбут ба 6 нафаре, ки нисбаташон ҷазо дар шакли маҳрумият аз озодӣ таъин гардидааст, баррасӣ шудааст.
Дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар симои гуруҳи мониторингӣ (моҳи феврали соли 2014 таъсис ёфтааст) аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунандаи ғайридавлатӣ - аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ аналоги Механизми миллии пешгирикунанда оид ба назорати доимии боздоштгоҳҳо таъсис дода шуд. Яке аз вазифаҳои гуруҳи мониторингӣ омӯзиши масъалаи тасвиби Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ба шумор меравад.
Ҳангоми гузаронидани мониторинг ҳамаи ҳудудҳои муассиса, аз ҷумла казармаҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои тиббӣ, ҳаммом ва дигар иншооти коммуналӣ, инчунин шароити таъминоти онҳо санҷида мешавад. Ба ғайр аз ин, пурсиши кормандон ва боздоштшудагон гузаронида мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки гуруҳи мониторингӣ аз рӯи натиҷаи боздидҳо аз муассисаҳои пӯшида ҳамасола гузориш пешкаш месозад, ки дар асоси онҳо тавсияҳо барои иҷроиш пешниҳод мегарданд.
Бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 6-уми августи соли 2013 гуруҳи корӣ оид ба боздид ва мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати гуруҳи корӣ намояндагони ВҲИ, мақомоти давлатӣ, бо шумули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумон ва мақомоти судӣ, инчунин намояндагони доираи академӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аъзои Эътилофи зидди шиканҷа ворид карда шуданд.
Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки мувофиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 бо мақсади таъмини баррасии боадолатона ва воқеъбинонаи парвандаҳо дар истеҳсолоти судии ҷиноятӣ, мушаххассозӣ ва муайян намудани муҳлатҳои баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби судҳо, таъмини кӯмаки ҳуқуқии амалии касбӣ ба боздоштшуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, инчунин амалӣ сохтани дигар меъёрҳои мурофиавӣ ворид кардани тағйироту иловаҳои дахлдор ба КМҶ ҶТ пешниҳод мешавад.
Инчунин дар доираи Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 чорабиниҳое ба монанди омӯхтани таҷрибаи дигар давлатҳо ва омода намудани тавсияҳо доир ба таъсиси механизми мустақили тафтиши шиканҷа; ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории ҶТ дар мавриди механизми тафтишоти мустақилу самаранок ва амалисозии чораҳо барои иҷрои механизми тафтиши шиканҷа, аз ҷумла интихобу омодасозии кадрҳо, таҷҳизоти техникӣ ва ғайра ба назар гирифта шудааст.
Маълумот аз ҷониби котиботи Комиссияи таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсони назди Ҳукумати ҶТ дар асоси иттилооти пешниҳодкардаи вазоратҳову мақомоти кишвар омода шудааст. Ҳангоми омодасозии маълумот котибот ҳамеша бо ҷомеаи шаҳрвандӣ машварат мекард. Лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур барои баррасӣ ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ирсол карда шуд, тавсияҳо аз мақомоти манфиатдори давлатӣ, инчунин аз институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дастрас гардиданд. Тавсияҳо аз мақомоти манфиатдори давлатӣ, инчунин аз институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми омодасозии намунаи ниҳоии ҳуҷҷат ба назар гирифта шуданд.