Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

31-уми март дар шаҳри Душанбе бахшида ба татбиқи Нақшаи аввали амалҳо (2023-2025) ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон то соли 2038, инчунин таҳияи пешниҳодҳо барои нақшаи нав барои солҳои 2026-2028 конфронс баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, институтҳои миллии ҳимоятгари ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.
Дар доираи сессияи аввал иштирокдорон натиҷаҳои татбиқи нақшаи амалкунандаро баррасӣ намуданд. Намояндаи Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи президент Фаромуз Орзузода дастовардҳои асосиро муаррифӣ намуда, мушкилоти мавҷударо шарҳ дод. Ба нақши муассисаҳои миллии ҳимоятгари ҳуқуқ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи стратегия ба таври алоҳида таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар конфронс ба масоили ҳуқуқи инсон дар системаи адолати судӣ, аз ҷумла пешгирии шиканҷа ва ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ин мавзуҳо дар сессияи сеюм меҳварӣ шуданд.
Намояндагони Суди Олӣ, прокуратура, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ механизмҳои таъмини озодӣ аз шиканҷа, риояи ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва кафолатҳои мурофиаҳои судии одилонаро баррасӣ карданд. Дар рафти баррасиҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи кафолатҳои мурофиавӣ, шароити нигоҳдорӣ ва механизмҳои назорат ба миён гузошта шуданд.
Иштирокдорон аҳамияти амалисозии минбаъдаи системаи пешгирии шиканҷа, аз ҷумла тафтишоти самараноки чунин ҳолатҳо ва тақвияти кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқи шахсони дар ҳабс қарордоштаро зикр намуданд.
Баромадҳои алоҳида ба ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда бахшида шуда буданд, ки дар онҳо ҳам равишҳои давлатӣ ва ҳам баҳогузориҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба вазъият баррасӣ гардиданд.
Ба ғайр аз ин, дар конфронс масъалаҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии хушунати хонаводагӣ, инчунин ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла шахсони дорои маъюбият, гурезагон ва шахсони бешаҳрванд баррасӣ шуданд.
Дар сессияи ниҳоӣ иштирокдорон ба баррасии лоиҳаи нақшаи дуюми амалҳо барои солҳои 2026-2028 гузаштанд. Баҳогузориҳои самаранокии чораҳои аллакай амалишуда муаррифӣ гардиданд, мушкилоти институтсионаливу амалӣ муайян ва пешниҳодҳои калидӣ таҳия карда шуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои конфронс иштирокдорон тавсияҳои асосиро мувофиқа намуда, қадамҳои минбаъдаро барои беҳтар сохтани татбиқи Стратегияи миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла тақвияти механизмҳои ҳимоя аз шиканҷа муайян карданд.