Дар Суғд собиқ кормандони ВКД ва КДАМ барои истифодаи шиканҷа маҳкум гардиданд

Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд корманди шуъбаи ҷустуҷўи ҷиноятии РВКД дар вилояти Суғд Латифҷон Юлдошев ва корманди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ашт Муҳаммад Наимовро дар истифодаи шиканҷа гунаҳгор донист.

Латифҷон Юлдошев бо моддаҳои 143, эзоҳи 1, қисми 3, банди «б» (шиканҷа), 358, қисми 1 (боздошт ё ҳабси ғайриқонунӣ), 247, қисми 3, банди «а» (қаллобӣ)-и КҶ ҶТ айбдор дониста ва ба муҳлати 13 сол бо маҳрум кардан аз ишғоли вазифаи мансабӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то 2 сол, бо иҷрои ҷазо дар колонияи низомаш пурзўр аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Муҳаммад Наимов бо моддаи 143, эзоҳи 1, қисми 3, банди «б» (шиканҷа)-и КҶ ҶТ айбдор дониста ва аз ҷониби суд ба муҳлати 12 сол бо маҳрум кардан аз ишғоли вазифаи мансабӣ дар мақомоти бехатарӣ то 3 сол, бо иҷрои ҷазо дар колонияи низомаш пурзўр аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Хизматрасонии адвокати ҷониби ҷабрдида аз тарафи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ таъмин карда шудааст.

Тибқи маълумотҳои тафтишот, нафарони номбаршуда чандин маротиба сокини ноҳияи Ашт Комил Хоҷаназаровро маҷбур кардаанд, ки ба иштирокаш дар фаъолияти яке аз ҳаракатҳои сиёсии дар ҳудуди кишвар манъгардида иқрор шавад, аммо ў алоқамандиашро пурра рад намудааст.

Ба фишорҳои ҷисмониву равонӣ тоқат накарда, Комил Хоҷаназаров даст ба худкушӣ мезанад, аммо баъдан муроҷиати видеоии пеш аз марги ў дарёфт гардид. Марҳум дар муроҷиаташ оид ба он, ки бо ў чӣ рух дод, кадоме аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нисбаташ аз муносибати бераҳмона ва шиканҷа имстифода бурдааст, муфассал қисса мекунад.

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели марги К. Хоҷаназаров аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Ашт рад карда шуда буд, аммо баъди муроҷиати падари марҳум - Мурод Хоҷаназаров ба Прокуратураи генералии ҶТ, 15-уми ноябри соли 2017 оид ба далели худкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд ва баъдан тафтишотро Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд гузаронд.

Дар натиҷаи санҷиши хизматӣ сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Ашт Парвин Комилов аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуд.

Дар рафти мурофиаи судӣ аз ҷониби адвокат дар бораи ба тафтишоти иловагӣ фиристодани парвандаи ҷиноятӣ барои ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ҷиноят даст доранд, дархост карда шуд, аммо суд инро рад намуд.

Падари Комил - Мурод Хоҷаназаров, ки аз рўи парванда ҷабрдида эътироф гардидааст, ҳукми судро боадолатона меҳисобад ва мақсади дар оянда шикоят бурдан надорад.

Сокини ноҳияи Ашт Комил Хоҷаназаров 31-сола буд ва ду кўдаки хурдсолаш ятим монданд. Ў ҳамроҳ бо бародараш ба насбу таъмири кондитсионерҳо машғул буданд.

NoTorture.Tj