Дар Тоҷикистон шикоят аз шиканҷа ду маротиба афзудааст

Дар Тоҷикистон шикоят аз шиканҷа ду маротиба афзудааст

Соли 2012 дар иртибот ба ҳодисоти шиканҷа 9 парванда тартиб дода шуда, 7-тои он ба суд ирсол шудааст, ки дар натиҷа ду корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо гуноҳи содир кардани амалҳои шиканҷа нисбати боздоштшудагон бо ҳукми суд зиндонӣ шудаанд. Дар ин бора аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, 9 парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ кушода шуда, 7 парванда ба суд ирсол шуда буд. Ду корманди мақомоти корҳои дохилӣ - яке дар ноҳияи Ёвон ба мӯҳлати ҳафт сол ва дигаре ба мӯҳлати як сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ҳамчунин, бо ҳукми суд 5 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ба пардохти ҷарима маҳкум карда шуданд.

Ин дар ҳолест, ки Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ҷамъбастиии прокуратура аз афзоиши муроҷиати шаҳрвандон нисбати ҳодисаҳои шиканҷа дар мақомот ва маҳбасҳо изҳори ташвиш карда буд.

Шерхон Салимзода гуфт: "Соли 2012 дар маҷмуъ, 22 ҳолати муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба амалҳои шиканҷа ба ниҳоди зери роҳбарии вай ворид шудаанд. Нисбати 10 ҳолат парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ҳолатҳои шиканҷа тасдиқи худро ёфта ва ба суд ирсол шудаанд". 

Нисбат ба як соли пеш шикояти шаҳрвандон аз ҳодисоти шиканҷа шудани наздиконашон дар мақомот ва маҳбасҳо 100 фоиз афзудааст. Барои мисол, соли 2011 Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз 11 ҳолати муроҷиати шаҳрвандон аз ҳодисоти шиканҷа иттилоъ дода буд.