Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки аз лату кӯби фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ маъюб шуд, тибқи маъбии гурӯҳи I дар ҳаҷми 130 сомонӣ нафақа таъин намуд.
Нуъмон Мирзоев, падари сарбози ҷабрдида ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шаҳбол Мирзоев муддати д усол – аз 18 сентябри соли ҷорӣ то 30-юми сентябри соли 2016 тибқи маъюбии гурӯҳи I нафақа мегирад.
«Ман чунин мешуморам, ки барои маъюби гурӯҳи I нафақа дар ҳаҷми 130 сомонӣ хеле маблағи ночиз аст. Агар Шаҳбол комилан шифо ёбад, ман ин нафақаро ба давлат бармегардонам», - гуфт падари сарбоз.
Ёдрас мекунем, ки сарбози нерӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоев рӯзи 6-уми марти соли равон аз ҷониби фелдшери қсми ҳарбиаш Усмон Ғайратов ва ҳамтоёни ӯ мавриди лату кӯб қарор гирифта, ба маъюбӣ гирифтор гардид.
Шаҳболи Мирзоеви 23-сола сокини деҳоти Понғози ноҳияи Ашт буда, пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд нияти ба кор машғул шудан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дошт, аммо барои ин ӯро лозим буд, ки муддати як сол дар сафи артиш хизмат кунад. Дар ин робита 7 моҳ қабл ӯ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар қисми таълимии нерӯҳои марзбонии кишвар адои хизмат мекард.
Қобили зикр аст, ки суди ҳарбии гарнизони Душанбе санаи 9-уми или соли ҷорӣ Усмон Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакиро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.