Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе даъвои падари як сарбозро, ки баъди се соли ҳалокати писараш дар Горди миллии Тоҷикистон хостори ҷуброни моддиву маънавӣ шуд, рад кард. Аммо хонаводаи сарбоз аз ин ҳукм норозист.
Шӯҳрат Таваллоев соли 2016 дар як қисми низомӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Мақомот далели марги ӯро худкушӣ номиданд, вале наздиконаш ба он шубҳа доранд. Наҷмуддин Лоиқзода, додраси парванда, рӯзи 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми мурофиаҳои додгоҳӣ даъвои падари сарбоз дар бораи пардохти ҷуброни моддиву маънавӣ қонеъ карда нашуд.
Лоиқзода аз сӯҳбати бештар худдорӣ кард ва танҳо таъкид намуд, ки мурофиа "бо шунидани фикри ҷонибҳо, дар доираи қонун ва одилона" сурат гирифтааст. Аммо вакили мудофеи хонаводаи Таваллоев нисбат ба ҳукми содиршуда изҳори норозигӣ намуд. Вай ҳукмро ноодилона хонд ва ҳоло тасмим дорад, ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят барад.
Уғулой Бобоева, вакили мудофеи хонаводаи Таваллоев, рӯзи 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳанд бар асоси қонунгузорӣ Горди миллӣ ва сарбоз Мирзоҳабиб Мирзобоев, ки дар робита ба марги Шуҳрат маҳкум шудааст, 260 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардозанд.
Дар Горди миллии Тоҷикистон нахостанд, даъвои Таваллоевҳоро шарҳ диҳанд, аммо ду манбаъ, ки аз ҷараёни мурофиаҳо огаҳ аст, гуфтанд, намояндаи Горди миллии Тоҷикистон аз оғози қазия ба беасос будани даъвои хонаводаи сарбоз таъкид доштааст. Ба иттилои манобеи огоҳ аз қазия, намояндаи Горди миллӣ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, дар пайи марги сарбоз ҳар чӣ ки дар ваколаташон буд, дар доираи қонун анҷом додаанд ва барои пардохти ҷуброни зарар асос вуҷуд надорад.
“Дар мурофиа гап дар бораи кумакҳои якдафъаина низ рафт, ки баъди марги сарбоз аз ҷониби Горди миллӣ ба хонаводаи сарбоз расонида шудааст, лекин ба пардохти ҷуброни зарари моддиву маънавӣ аз аввали мурофиаҳо намояндаи Горди миллӣ розӣ набуд”, -- гуфт як ҳамсуҳбати мо.
Мурофиаи нахустини додгоҳӣ рӯзи 22-юми майи имсол дар Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе доир гашт. Ба қавли вакили мудофеи хонаводаи Таваллоев, сарбози маҳкумшуда дар робита ба марги Шуҳрат дар зиндони Хуҷанд ба сар мебарад.
Ҳукми додгоҳ дар ҳолест, ки қаблан Имомдод Таваллоев, падари сарбози фавтида ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пас аз марги писараш, ба афсурдагӣ ва бемории сахт гирифтор шудааст ва ҳоло даъвои талаби ҷубронро дорад. Таваллоев дар аризаи даъвоии худ, ки нусхаи онро ба Радиои Озодӣ ҳам дод, аз ҷумла гуфтааст: "Марги Шуҳрат ба ман таъсири сахт расонд. Ҳангоми ба хотир овардани ҳодиса ғамгин шуда гиря мекунам, дар ҳолати афсурдагӣ ҳастам. Ба ягон кор машғул шуда наметавонам. Соли 2017 саломатиам бад шуд ва ба беморхона рафтам. Дар ташхис маълум шуд, ки ба бемории саратони рӯда гирифтор шудаам".
Шӯҳрат Таваллоевро моҳи майи соли 2016 ба хидмат дар артиш даъват карданд ва ӯро ба қисми низомии Горди Миллӣ, воқеъ дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе ба хидмат гирифтанд.
Аммо пас аз панҷ моҳи хидмат, ҷасади ӯро ба наздиконаш супурданд. Мақомот гуфтанд, ин ҷавон бо силоҳи дасташ ва аз беэҳтиётӣ ба худ тир холӣ кардааст. Аммо Имомдод Таваллоев, падари сарбози фавтида, пас аз сӯҳбат бо муфаттиш ва дидани аксҳои рӯзи марги Шӯҳрат ба ин хулосаи мақомот шак кардааст. Дар пайи марги ин сарбоз яке аз ҳамхидматонаш Мирзоҳомид Мирзобоев моҳи январи соли 2017 бо гуноҳи ба марг расондани Шӯҳрат Таваллоев ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.
Ба гуфтаи додситонҳо, Мирзоҳомид Мирзобоев се ҳамхидматаш - Шӯҳрати 21-сола ва ду сарбози дигарро ба утоқе дароварда ва бо камарбанди сарбозӣ ба сару манаҳи онҳо задааст. "Шӯҳрат ба кирдорҳои ҳамхизмати худ тоб наоварда, худи ҳамон рӯз, ҳангоме ки дар ҳайати посбонӣ қарор дошт, бо силоҳ ба зери манаҳаш ду тир меандозад", -мегӯянд муфаттишон. Вале волидонаш мегӯянд, қисми низомӣ, ки бояд амнияту сиҳҳатии сарбозро кафолат медод, ин масъулияташро дуруст иҷро накарда ва ба марги фарзанди онҳо роҳ дод.
Дар гузашта ҳам ҳодисаҳои худкушии сарбозон ва ё дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо мушоҳида шудааст. Бадрафторӣ бо сарбозонро яке аз сабабҳои аслии рух додани фоҷеаҳо дар артиш меноманд. Бархе аз фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, азбаски чунин фоҷиаҳо ба обрӯи хидмати сарбозӣ латма мезанад, дар ҳолатҳои зиёд асрори марги сарбозон пӯшида мемонад ва волидон ҳам бо ҳамин сабаб ба шарҳи расмии марги фарзанд бовар намекунанд.
Дар аксар хабарҳо дар бораи маргу мири сарбозон гоҳе мушкили латту кӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон чун сабаби аслии фоҷеа ном бурда мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст. Хушунати низомиён ва зӯргӯии сарбозони баландрутба ба сарбозони ҷавон дар артиш ҳодисаи нав нест. Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки иҷрои барномаҳои тарбиявии онҳо дар қисмҳои низомӣ вазъро ислоҳ кардааст, вале боз ҳам хушунат дар артиш ба чашм мехӯрад.