Додгоҳ ВКД-ро уҳдадор кардааст, ки ба як қурбонии шиканҷа 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиён пардохт кунад

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъвои Неъматҷон Ашӯрматов, як қурбонии шиканҷаро, ки зидди Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон бо талаби дарёфти 280 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиён шикоят бурд, қисман қонеъ кардааст. Додрас ВКД-ро ба пардохти 10 ҳазор сомонӣ зарар уҳдадор кардааст.

Неъматҷон Ашӯрматов ду сол пеш бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд. Ӯ нигаронӣ карда буд, ки “дар бинои Шуъбаи корҳои  дохилӣ дар Хуҷанд аз сӯйи кормандони пулис мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтааст”.

Гулҷеҳра Холматова, вакили дифои Ашӯрматов дирӯз, 25-уми июн ба “Азия-Плюс” гуфт, қарори додгоҳ дар бораи пардохти зиён рӯзи 18-уми июн баромад, вале онҳо ба ҳукм розӣ набуда, ният доранд аз болои он ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ баранд.

Тибқи иттиллои Эътилофи зиддишиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Ашӯрматов моҳи марти соли ҷорӣ бо талаби ҷуброни зарари маънавӣ зидди ВКД ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Аз Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ин қарорро ба “Азия-Плюс” шарҳ надоданд.Талоши мо барои гирифтани мавқеи Вазорати корҳои дохилӣ дар робита ба ин қазия бенатиҷа анҷомид.

Неъматҷон Ашӯрматов аввали соли 2024-ум бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд ва ба гуфтааш “дар бинои Шуъбаи корҳои  дохилӣ дар Хуҷанд аз сӯйи кормандони пулис мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтааст”.

Он замон Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ гуфта буд, ки санҷиши тиббӣ дар бадани Неъмат Ашурматов 26 пайи зарбу латро ошкор кардааст

Дар пайи ин ҳодиса, Додситони вилояти Суғд рӯзи 29-уми апрели соли 2024 бар зидди 4 корманди ШКД Хуҷанд барои “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” (моддаи 316 қисми 3) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Се пулис ба ҳабс гирифта шуда, як тани дигар дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Дар пайи ин, бо дархости вакилони дифои Неъматҷон Ашӯрматов, кирдори кормандони пулис бо иттиҳоми “шиканҷа” (моддаи 143¹, қисми 2-и КҶ) мавриди тафтиш қарор гирифт.

Он вақт гуфта мешуд, ки яке аз гумонбарон Дилшод Нарзуллозода, муовини пешини сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва се тани дигар зердастони ӯ мебошанд.

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Дилшод Нарзуллозодаро бар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ ба 21 сол зиндон дар маҳбаси низомаш шадид маҳкум кард. Абдуқодир Каримов, пулиси дигар бошад ба 19 сол зиндон низомаш пурзӯр маҳкум гардид. Тақдири ду гумонбари дигар маълум нест.

Ҳар сол даҳҳо боздоштшуда ва ё наздикони онҳо аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо шикоят мекунанд. Мақомот дар бештари маврид вуҷуди шиканҷаро рад намуда, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ нисбат ба кормандони милиса парванда боз мекунанд.

Аз ҷумла, 27-уми январи соли 2025 нисбати собиқ муовини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои шиканҷа ва ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан бо қарори додгоҳ, 13 сол равонаи зиндон шуд.

Аsiaplus.news