Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ мегӯяд, ки ҳодисаи ба ҳалокат расидани сарбоз Адҳамҷон Эргашев дар яке аз қисмҳои низомии вазорати дифоъ воқеъ дар Дарвозро таҳқиқ мекунад.
Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ дар робита ба ҳалокати як сарбози қисми низомии тобеи Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз парванда боз карда, таҳқиқотро дар ҷойи ҳодиса оғоз намудааст. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи 6 декабр дар қисми низомии рақами 23-441 сурат гирифтааст.
Як манбаъ аз додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ 9 декабр ба Озодӣ гуфт, натиҷаи таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки сарбози ин қисми низомӣ Адҳамҷон Эргашев дар вақти адои хизмат хобаш бурда ва аз беэҳтиётӣ тири "Калашников" ба чашмаш хӯрдааст.
Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ мегӯяд, ки Адҳамҷон Эргашев як сарбози фаъол буд ва соли гузашта ва имсол низ ба зодгоҳаш деҳаи Саразми ноҳияи Панҷакент ба рухсатӣ рафта буд. Манбаъ гуфт, "ҳоло таҳқиқот идома дорад ва бо анҷоми он гуфта хоҳад шуд, ки сабаби аслии ба чашми сарбоз хӯрдани тири силоҳ чӣ будааст?"
Як мақоми вазорати дифои Тоҷикистон ҳам гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи шанбеи гузашта рух дода, аммо сабабҳои аслии он норӯшан аст ва вазорат мунтазири хулосаи тафтишоти Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ аст.
Баҳром Сатторов, раиси ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки рӯзи душанбе (7 декабр) ҷасади Адҳамҷони 20-сола ба зодгоҳаш оварда ва ба хок супурда шуд. Вай мегӯяд, ки афсарони қисми ҳарбии Вазорати дифоъ тобути Адҳамҷонро оварда ва гуфтаанд, ки хобаш бурдааст ва аз беэҳтиётӣ тири силоҳ ба чашмаш бархӯрдааст.
Аҳмадҷони 20-сола дар моҳи октябри соли 2014 довталабона ба хизмати аскарӣ рафта буд. Сатторов мегӯяд, падари сарбоз Ҷӯрабой Эргашев зиндагии миёнҳолона дошта, ба деҳқонӣ машғул аст ва соҳиби 6 фарзанд мебошад. Адҳамҷони 20-сола фарзанди чоруми ин хонадон будааст.