Додситонӣ: Шикоят аз шиканҷа "бисёр зиёд" шудааст. ВИДЕО

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, имсол 2 корманди милиса ва як корманди мақомоти амният бо гуноҳи шиканҷа ба 12 ва 13 соли зиндон маҳкум шудаанд. Айни замон ба гуфтаи ин ниҳод, муроҷиати сокинон дар бораи бадрафториву шиканҷа аз сӯи кормандони мақомоти интизомӣ афзудаст.

Шариф Қурбонзода, намояндаи Додситонии кулл рӯзи 17-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи соли 2018 аз мардум 37 муроҷиат дар бораи шиканҷа гирифтаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Дар шаш моҳи аввали соли 2017 додситонӣ фақат 9 шикоят аз бадрафториву шиканҷа сабт кардааст.

Ба гуфтаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, дар бисёр ҳолатҳо ҷабрдидаҳо аз шиканҷаву бадрафторӣ ба мақомот шикоят намекунанд, чунки фикр мекунанд, ки "ҳолашон бадтар мешавад."

Шиканҷа ба хотири эътирофи гуноҳ

Маъмулан гумонбарон дар ҷиноятро мақомоти интизомӣ ҳангоми боздошт ва бозпурсӣ, шиканҷа мекардаанд, то иттиҳомро эътироф кунанд ва ё гуноҳи нокардаеро ҳам "ба гардан бигиранд".

Тақрибан панҷ моҳ қабл Абдурасул Назаров як устои мошинро маъмурони милиса дар шаҳри Душанбе дастгир карданд ва рӯзе баъд тани беҷонашро ба наздиконаш супурданд. Баҳси ин қазия то ҳанӯз идома дорад.

Ё Шамсиддин Зайдуллоев, сокини 25-солаи шаҳри Душанберо мақомоти интизомӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт карданд ва волидонаш пас аз 5 рӯз ҷасади ӯро аз сардхона гирифтанд.

5 рӯз баъди боздошт ҷасадро ба волидон доданд

Саид Зайдуллоев, падари Шамсиддин Зайдуллоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 5-6 нафар аз маъмурони интизомӣ рӯзи 8-уми июл вориди манзили онҳо шуданд ва гуфтанд, ки писараш гунаҳкор аст ва бояд ӯро бо як шахс рӯбарӯ кунанд. Ӯ мегӯяд, ки панҷ рӯз баъд ҷасади писарашро аз сардхона дастрас карданд.

Созмонҳои алайҳи шиканҷа мегӯянд, мушкили аслӣ ин аст, наздикон вақте муроҷиат мекунанд, ки осори шиканҷаро пайдо кардан ва собит кардани он мушкил аст.

Шоира Давлатова, раиси созмони “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон" мегӯяд, "албатта чанд нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ҳатто ночиз ҳам бошад, ба баъзе оилаҳо ҷубронпулӣ пардохт кардаанд."

Соли 2018 ба созмонҳои ҳуқуқи инсон 18 муроҷиат шудааст, ки пайвандони шиканҷашудаҳо дархости кӯмак кардаанд. Ба гуфтаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, дар бисёр ҳолатҳо ҷабрдидаҳо шикоят намекунанд, чунки намехоҳанд, бо мақомоти интизомӣ сар ба сар шаванд.

Навъҳои шиканҷаро фаъолон таҳқиқ кардаанд

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, «Латукўб бо бастани дасту пой, гузоштани қувваи барқ ба зери нохунҳои ангуштони дастон ва қисмати байни пойҳо, зарбаҳо ба қисмати сар, рехтани об, задани зарба ба гурда ва шикам, задани зарба тариқи гузоштани китоб ба қисмати шикам ва фарқи сар, задани зарба ба қисмати рўй” - аз навъҳои шиканҷа аст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ба кор мебаранд.

Моҳи майи имсол Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал талошҳои давлати Тоҷикистон барои решакан кардани шиканҷаву бадрафториро баррасӣ кард ва аз кишвар хост, барои аз байн бурдани ин зуҳурот саъй кӯшиши бештар кунанд.

Ozodi