Донишҷӯи тоҷик пулиси Маскавро маҳкум ба 3,5 сол кард

Додгоҳи минтақаи Останкинои шаҳри Маскав корманди собиқи пулис Дмитрий Штелмахро бо ҷурми латукӯби донишҷӯи тоҷик ба севуним соли зиндони шартӣ маҳкум кард.

Дмитрий Штелмах , корманди собиқи хадамоти пайроҳагардӣ (ППС)-и пулиси Маскав, ки ба бадрафторӣ ва латукӯби донишҷӯи 16-солаи тоҷик айбдор мешуд, бо ҳукми зиндони шартӣ «халос» хӯрд.  

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии LifeNews, додгоҳи минтақаи Останкинои шаҳри Маскав рӯзи 11 апрел ин маъмури собиқи пулисро дар  бадрафторӣ нисбат ба донишҷӯи тоҷик муҷрим шинохта, шартан ба севуним соли зиндон маҳкум кард.  Дмитрий Штелмах, ки дар ҷараёни тафтиши парвандааш низ на дар боздошт, балки ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташ дар озодӣ ба сар мебурд, танҳо дар сурати дар тӯли ин севуни сол даст задан ба ягон ҷинояти дигар метавонад пушти панҷара биравад.

Алиҷон Мамадҷонов соли 1999 дар Тоҷикистон ба дунё омада, ҳоло дар техникуми фанновариҳои соҳаии вилояти Маскав (Подмосковный профессионалный техникум отраслевых технологий) таҳсил мекунад. Ӯ мехоҳад дар оянда наҷотдиҳанда шавад.

Аммо як сол пеш худи ӯ дар ҳолате афтод, ки худаш ба чунин як наҷотдиҳанда ниёз дошт. Наҷотдиҳандае, ки ӯро на аз дасти кадом раҳзанон ё гурӯҳҳои ҷиноӣ, балки аз чанги ба ном ҳомиёни назму тартибот, яъне пулис, халос кунад.

Алиҷон рӯзи 8 феврали соли 2015 дар назди истгоҳи метрои «Алексеевская»-и шаҳри Маскав ба чанги кормандони пулис афтод. Яке аз онҳо ҳамин Дмитрий Штелмах будааст.

Штелмах Алиҷон ва шарики ӯро муҳоҷири ғайриқонунӣ гумон бурда, аз ҳар кадоми онҳо 500 рубл «ҳақ» талаб мекунад. Аммо Алиҷон инро рад карда, мегӯяд, ки ӯ шаҳрванди Русия аст ва будубошаш дар ин кишвар қонунист.

Штелмах баъди ноком шудани талошаш барои ситондани пул аз ин зодаи Тоҷикистон, ӯро ба шӯъбаи пулис мебарад. Алиҷон тавонистааст, ки дар дохили мошин ва сипас дар шӯъбаи пулис радубадалҳояш бо Штелмахро сабт кунад.

ВИДЕОИ  LifeNews дар бораи Алиҷон инҷост

Дар ин навори видеоӣ дида мешавад, ки корманди пулис дар дохили мошин ба Алиҷон таҳдид мекунад ва баъдан дар шӯъбаи пулис низ ба ӯ дарафтода, телефони мобилашро мешиканад ва боз таҳдид мекунад, ки «мисли як бомж ба спетсприёмник мефиристамат.» Аз ин навор ҳамчунин шунида мешавад, ки кормандони пулис навраси тоҷикро латукӯб мекунанд ва ӯ фарёд мекашад, ки «дастонатонро бигиред, ки нафасгир шудам.»

Алиҷон аз маъмурони пулис талаб мекунад, ки қаламу қоғазаш бидиҳанд, то аз бадрафтории онҳо ба сардори шӯъбаи пулис шикоят бинависад. Аммо онҳо бо масхара ба ӯ мегӯянд, ки бирав, аз ҳоҷатхона қоғаз бигир.

Саранҷом маъмурони пулис таҳдиди худро амалӣ карда, ин донишҷӯи тоҷикро ба спетсприёмники ноболиғон фиристоданд. Ӯро баъдан аз онҷо бародараш гирифта бурдааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, чунин мавридҳои бадрафтории кормандони пулис нисбат ба муҳоҷирон хеле фаровон мушоҳида мешавад. Кормандони пулиси Русия бо ҳар баҳона муҳоҷиронро дастгир карда, дар бисёри ҳолатҳо аз онҳо, чун дар намунаи Алиҷон «ҳақ» талаб мекунанд. Ва аммо, бо таассуф мегӯянд ҳомиёни ҳуқуқ, дар аксари мавридҳо ё худи муҳоҷирон аз шикоят аз бадрафториҳои пулис худорӣ мекунанд ваё агар мисли Алиҷон шикоят ҳам кунанд, маъмури пулиси муҷрим бо ҷазоҳои хеле сабук – ё огоҳӣ, ё ҷарима ваё мисли Дмитрий Штелмах бо як ҳукми шартӣ халос мешаванд.

Ozodi