Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 1-2-юми феврал дар шаҳри Душанбе ҷамъомади Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2018 баргузор гардид.
Роҳбари Эътилоф Нурмаҳмад Халилов иттилоъ дод, ки соли гузашта тағйирот дар самти муборизаи самаранок бо шиканҷа дар Тоҷикистон муяссар гардид. Аз ҷумла, аз ҷониби ташкилотҳои узви Эътилоф 44 муроҷиат оид ба шиканҷаву муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ ҳуҷҷатгузорӣ гардидааст, аз рӯйи 41 парванда аз манфиатҳои қурбониёни шиканҷаву муносибати бераҳмона ва аъзои оилаҳои онҳо намояндагӣ карда шудааст, ки аз ин шумора 38 парвандаи нав ва 3 парванда аз солҳои қаблиянд.
Роҳбари Эътилоф аз парвандаи пурсарусадои Комил Хоҷаназаров, ки дар натиҷаи талошҳои якҷояи Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилоф ва адвокатҳои ҷалбгардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани шахсони гунаҳгор муяссар гардид, ёдовар шуд. Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд корманди бахши ҷустуҷӯи ҷиноятии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Юлдошев Л. тибқи якчанд моддаи КҶ ҶТ, аз ҷумла “Шиканҷа” гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум гардида, корманди бахши КДАМ дар ноҳияи Ашт Наимов Муҳаммад барои истифодаи шиканҷа ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Боз як нафар корманди РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Ш. Ш., ки пас аз оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ кишварро тарк намуду мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифт, боздошт гардид. Нисбати ӯ низ тибқи моддаи “Шиканҷа” айб эълон карда шуд.
«Дар натиҷаи баррасии аризаҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби судҳои кишвар нисбати панҷ нафар кормандони ВКД барои сӯйистифода аз ваколатҳоли мансабӣ таъинотҳои хусусӣ бароварда шуд»,- афзуд Халилов.
Ба гуфтаи ӯ, адвокатҳои Эътилоф тавассути пешниҳоди аризаҳои асоснокшуда оид ба беэътибор будани далелҳои дар натиҷаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона бадастовардашуда таҷрибаи истифодаи меъёрҳои моддаи 88, эзоҳи 1-и КМҶ ҶТ-ро густариш медиҳанд. Роҳбари Эътилоф илова намуд, ки аз ҷониби ШВКД-и шаҳри Турсунзода ва бахши КДАМ дар Панҷакент нисбати ду нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар натиҷаи амали фаъолонаи адвокатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ бо сабаби исбот нашудани иштироки онҳо дар содир намудани ҷиноят қатъ карда шуданд.
Эътилоф барои офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо мусоидат мекунад. Дар соли 2018-ум 49 нафар офиятбахшӣ гузаштанд: 20 зан ва 29 мард, аз инҳо бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарардидаҳо - 27 нафар ва аъзои оилаҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона - 22 нафар.
Эътилоф дар парвандаҳои судии стратегӣ пешгомӣ мекунад, ҳамеша механизми пардохти ҷуброни кофӣ аз ҷониби давлат ба қурбониён ва хешовандони онҳоро тибқи ҳалномаҳои судӣ таҳти назар дорад.
Ташкилотҳои узви Эътилоф аъзои Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шумор мераванд. Дар соли 2018 гуруҳ аз 16 муассисаи пӯшидаву нимапӯшида ва 5 қисми ҳарбӣ дидан намуд.
Эътилоф мониторинги иҷрои уҳдадориҳо дар самти озодӣ аз шиканҷа аз ҷониби Тоҷикистонро амалӣ месозад, гузоришҳои алтернативиро ба мақомоти СММ омода мекунад, инчунин дар ҷараёни пешбурди озодӣ аз шиканҷа ҳангоми муколамаҳо оид ба ҳуқуқи инсон фаъолона иштирок менамояд.
Аз ҷониби Гуруҳи расонӣ 394 матлаб, аз он ҷумла бо забони русӣ 168, бо забони тоҷикӣ 195 ва бо забонӣ англисӣ 31 матлаб пахш карда шудааст. Эътилоф торнамои худ - www.notorturetj.org, www.notorture.tj ва саҳифаҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорад, ки воситаи фарогири иттилоотӣ дар масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон ба шумор рафта, дар онҳо метавон мақолаҳои вобастаи ВАО, ҳуҷҷатҳои барномавӣ, натиҷаҳои таҳлилҳову тадқиқотҳо, мусоҳибаҳо ва дигар иттилооти заруриро дарёфт намуд.
Дар ҷамъомад инчунин самтҳои асосии стратегии фаъолияти Эътилоф барои солҳои 2019-2020 ва фаъолияти гуруҳҳои кории Эътилоф баррасӣ гардиданд.
Ба санаи 31-уми декабри соли 2018 аъзо ва шарикони Эътилоф 12 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 12 шахсони инфиродӣ ба шумор мераванд.
Дар соли 2018 фаъолияти умумии Эътилоф аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Фонди Зигрид Раузинг Траст, бахши Ташкилоти байналмилалии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон, Фонди ихтиёрии СММ оид ба дастгирии қурбониёни шиканҷа, Вазорати корҳои хориҷии Финляндия, БРСММ ва дигарон дастгирӣ ёфт.