Эътилофи зидди шиканҷа дар доираи маъракаи бахшида ба Рӯзи байналмилаии дастгирии қурбониёни шиканҷа як қатор чорабиниҳо баргузор намуд

Аз 16 май то 26 июни соли 2022, дар доираи маърака, дар пойтахт ва минтақаҳо чорабиниҳои мавзуии гуногун баргузор гаштанд:

Муаррифии онлайни замимаи мобилии “Ман ва ҳуқуқҳои ман!

Аз 16 май то 26 июни соли 2022 муаррифии онлайни замимаи мобилии “Ман ва ҳуқуқҳои ман!” баргузор гардид. Дар ин давра иштирокчиён тақрибан тамоми ҷузъҳои замимаро омӯхтанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба қисмат “Барои осебдидагони зӯроварӣ ” равона карда шуд, ки дар он ба корбарон расонидани маълумоти мураккаби ҳуқуқи дар шакли оммафаҳм муҳим буд. Ҳамин тариқ, корбарон фаҳмиданд, ки шиканҷа, ҳабси маъмурӣ, зӯроварӣ двр оила чист ва ҳуқуқҳои шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд ва ГАА-ро (гурӯҳҳои асосии аҳолӣ) ро омӯхтанд. Ғайр аз он, дар замима ба таври возеҳ шарҳ дода шудааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳо дар ҳолатҳои тавсифшуда чӣ кор кардан лозим аст ва инчунин роҳнамо мавҷуда аст, ки дар он тамосҳои заруриро пайдо кардан мумкин аст.

Рӯзи 1 июни соли 2022 онлайн-викторина баргузор гашт, ки он ҷамъбасти маъракаи иттилоотии “Ман ва ҳуқуқҳои ман” буд. Тибқи натиҷаҳои викторина се нафар ғолибон муайян гаштанд: Ҳушанг Ҷумаев, Фируз Юсуфӣ и Хусрав Зикруллоев. Ин ҷавонон беш аз ҳама фаъол буданд ва ба саволҳо оид ба замимаи мобилии “Ман ва ҳуқуқҳои ман” зуд ҷавоб доданд.

https://notorturetj.org/tj/news/zamimai-mobilii-man-va-khukukkhoi-man

Ташкили қабулгоҳи ҳуқуқӣ дар маҳалҳо: пешниҳоди машварати ҳуқуқии инфиродӣ дар Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон

Машваратҳои ҳуқуқӣ дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳо ташкил карда шуданд. Аз ҷумла, рӯзи 24 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе машваратҳо аз ҷониби ҳуқуқшиносон Азизҷон Бобоев аз ТҶ “Ҷаҳони ҳуқуқ” ва Абдураҳмон Шарипов аз ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки аъзои Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошанд, пешниҳод карда шуданд;

28 майи соли 2022 дар шаҳри Бохтар – аз ҷониби аъзои Этилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони филиали маҳаллии Иттифоқи адвокатҳои ҶТ: Назокат Маҳмадалиева ва Иброҳим Каримов;

6 июни соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд ва 8 июни соли 2022 года дар шаҳри Панҷакент – аз ҷониби ҳуқуқшиносон Хуршеда Раҳимова ва Фахриддин Фузайлов, аз ТҶ “Начало”, ки узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Машваратҳои ройгон барои аҳолӣ оид ба тамоми масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар ин рӯзҳо аз ҷониби ҳуқуқшиносони Эътилоф аз соати 10:00 то 12:00 пешнишод мегардиданд. Шаҳрвандон ба маълумоти гуногун мароқ зоҳир намуданд – дар бораи тартиби бақайдгирии никоҳ ва барасмиятдарории талоқ, дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, дар бораи таъини нафақа, дар бораи ҳуқуқои кӯдаконе, ки волидайнашон ҷудо шудаанд, дар бораи масъалаҳои манзил ва ғайра.

https://notorturetj.org/tj/news/mashvaratkhoi-khukukii-sayyor

Гузаронидани барномаи радиоӣ дар мавзӯи раҳоӣ аз шиканҷа

25 майи соли 2022, дар амвоҷи Авторадио дар барномаи “Росто” аз соати 11:00 то 12:00 меҳмони студия Мутриба Алиджанова, ҳуқуқшиноси ФҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ” буд, ки узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад.

26 майи соли 2022 дар пахши мустақими радиои “Азия-Плюс” аз соати 13:00 то 14:00 баронмаи радио дар доираи намоиши ҳаррӯзаи “Ҳуқуқҳои ман!” пахш карда шуд. Меҳмонон дар студия Ҳусниддин Нидоев аз шуъбаи ҳимояи давлатии ҳуқуқои шаҳрвандӣ ва сиёсии Раёсати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоира Давлатова, директори иҷроияи ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” ва Абдураҳмон Шарипов, ҳуқуқшиноси ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” буданд, ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Коршиносон доир ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа барои Тоҷикистон ва оид ба он, ки давлат ҷиҳати иҷрои ин тавсияҳо кадом корҳоро анҷом додааст, маълумот пешниҳод намуданд. Коршиносон  инчунин ба саволҳои сершумори  шунавандагони радио ҷавоб доданд, ки ба фарқияти байни шиканва ва муносибати бераҳмона, бо кадом мақсад истифода шудани шиканҷа, мавридҳои эҳтимолияти зиёди татбиқи шиканҷа, татбиқ шудани авф нисбати шахсони ба истифодаи шиканҷа айборшуда ва ғайра мароқ зоҳир карданд.

https://notorturetj.org/tj/news/pahshkhoi-radioi-va-maslikhatkhoi-khukuki-dar-doirai-marakai-nest-bod-shikancha-va-bechazoi

Ҷойгир намудани иқтибосҳои президент ва дигар шахсони расмӣ, ки  истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро маҳкум кардаанд, дар билбордҳои пойтахт

Аз рӯзи 1 то 10 июни соли 2022 года, дар доираи баргузории маъракаи “Аз байн бурдани шиканҷа ва беҷазоӣ!”, дар мониторҳои бузург дар шаҳри Душанбе: дар чорроҳаи СУМ, дар чорроҳаи Хонаи матбуот, дар назди меҳмонхонаи “Душанбе”, дар роҳи ҳалқавии назди сирк, дар рӯбарӯи бозори “Меҳргон”, дар рӯбарӯи амфитеатр ва дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ видеороликҳо бо иқтибосҳои намояндагони мақомоти давлатӣ ва шахсиятҳои маъруф дар бораи манъ кардани шиканҷа ҷойгир карда шуданд. Роликҳо ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ, аз ҷумла ба моддаи 5 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ “Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирад” асос ёфтаанд.

https://notorturetj.org/news/na-stolichnyh-monitorah-pokazali-videoroliki-s-citatami-izvestnyh-lichnostey-o-zaprete-na

Мастер-класс, озмунҳо ва викторинаҳо барои ҷавонон ва занон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд;

5 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар қаҳвахонаи “PARKING” мастер-класс дар мавзӯи раҳоӣ аз шиканҷа баргузор гардид.

6 июни соли 2022 дар шаҳри Панҷакент ва 8 июни соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд дар Гӯшаи амрикоӣ дарсҳои иттилоотӣ дар мавзӯи раҳоӣ аз шиканҷа гузаронида шуданд, ки пас аз он озмунҳо баргузор гаштанд ва дар доираи онлайн-викторина ҷоизаҳо (Quiz дар платформаи Kahoot) барои ҷавонон ва занон супорида шуданд. Викторина саволҳо дар бораи ҳуқуқи инсон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ҳуқуқи раҳоӣ аз шиканҷа ва ғайраро дарбар мегирифт ва ба ғолибони онлайн-викторина туҳфаҳои қиматбаҳо (гӯшмонакҳои бесим, дискҳои USB ва дастгоҳои Powerbank) дода шуданд.

https://notorturetj.org/tj/news/master-klasskho-ozmunkho-va-viktorinakho-baroi-chavonon-va-zanoni-shdushanbe-va-viloyati-sugd

Гузаронидани иқдоми онлайн дар саҳифаҳои Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Аз рӯзи 20 то 26 июни соли 2022 дар сомонаи Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва дар саҳифаҳои Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар рӯз як иқтибос аз намояндагони мақомои давлатӣ ва шахсони маъруф оид ба манъ кардани истифодаи шиканҷа ҷойгир карда мешуд. Маълумот иттилооти тамосиеро дарбар мегирифт, ки дар ҳолати истифодаи шиканҷа ва МБ бо он муроҷиат намудан мумкин аст.

https://notorturetj.org/tj/news/barguzorii-onlayn-aksiyakho-dar-sakhifakhoi-etilof-dar-shabakakhoi-ichtimoi

НАМОИШИ СУРАТҲО ВА МУАРРИФИИ китоби навсозишудаи “ТАҚДИРҲОИ ШИКАСТА” - БАРГУЗОР НАШУДАНД

Ин чорабинии нақшавӣ ба муносибати Рӯзи байналмиалии дастгирии қурбониёни шиканҷа баргузор нашудад

Эътилоф иҷозати дахлдори сохторҳои расмиро барои гузарнидани чорабиниҳо ба даст наовард.  

Рӯзи 10 майи соли 2022 ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” ба Ҳукумати шаҳри Душанбе ва КДАМ ҶТ мактуби дорои хусусияти огоҳкуниро дар бораи гузаронидани чорабиниҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳар сол рӯзи 26 июн қайд карда мешавад, ирсол намуд. Дар мактуб қайд карда шудааст, ки маъракаи дарпешистода тибқи Нақшаи амали миллӣ оид ба иҷрои тавсияҳои СММ барои солҳои 2019-2022 гузаронида мешавад.  

Рӯзи 24 май ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” мактуби ҷавобии Ҳукумати шаҳри Душанберо бо имзои муовини Раиси пойтахт Одилзода Д.Р. гирифт, ки дар он гуфта мешавад, ки барои гузаронидани чорабиниҳои мазкур, бо мақсади таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ба даст овардани хулосаи мусбии раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор талаб карда мешуд, аммо чунин хулоса дода нашудааст. “Ҳамин тариқ, бе гирифтани хулосаи дахлдор гузаронидани чорабиниҳои мазкурро ғайриимкон мешуморем”, - қайд карда шудааст дар мактуби ҳукумати шаҳри Душанбе.

Мактуби ҷавобӣ аз КДАМ то ба ҳол гирифта нашудааст.

Мақсади чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ҷавонон, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи раҳоӣ аз шиканҷа мебошад. Гузарондани чунин чорабиниҳо ба муттаҳид сохтани талошҳо ва талабот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба ташаккули “таҳаммулпазирии сифрӣ” нисбати шаканҷа дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

https://notorturetj.org/tj/news/ba-etilofi-ziddi-shikancha-baroi-barguzor-namudani-takdimi-kitobi-chand-khayoti-suzonidashuda

Маълумоти муфассал бо санаҳоро дар сомона: https://notorturetj.org/ ва шабакаҳои иҷтимоии мо [1] пайдо карда метавонед, ки бо ҳэштегҳои зерин ҳамроҳӣ мешаванд:

#Стоп пыткам и безнаказанности!

#Stop torture and impunity!

#Аз шиканҷа ва беҷазоӣ даст кашед!


[1] Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

Баргузории чорабинҳо бo дастгирии молиявии фонди Зигрид Раузинг ва Иттиҳоди Аврупо \Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи башар имконпазир гардид.

NoTorture.Tj