Файзиниссо Воҳидова: Ҳаёт ва саломатии маҳбусон зери хатар қарор дорад

Файзиниссо Воҳидова: Ҳаёт ва саломатии маҳбусон зери хатар қарор дорад

Ҳимоятгар Файзиниссо Воҳидова чанд лаҳза пеш дар сафҳаи фейсбукии худ бо пахши як изҳорот аз мавҷудияти хатар ба ҳаёт ва саломатии маҳбусони зерҳимояаш ибрози нигаронӣ кард.

Воҳидова дар изҳороташ мегӯяд: «Худи ҳозир дар бинои СИЗО-и 2 ш.Хуҷанд мурофиаи судии Тошев Садриддин ва Ризоев Сунатулло - шоҳидони воқеии марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси зиндони рақами 1-и ш.Душанбе оғоз мешавад.

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар мурофиаи судӣ танаффус эълон шуда буд. Дар ин 4 рӯз аз шоҳидони парванда аз дохили муассиса даҳҳо хабару муроҷиатҳо расид, ки ҳаёт ва саломатии шоҳидон - маҳбусон дар хатар аст. Баъд аз он ки шоҳидон асли ҳодисаро ифшо намуданд ва бар муқобили сардори муассиса ва масъулини СРИҶҶ нишондод дода, исбот карданд, ки ҳамаи онҳо мавриди шиканҷа ва латукӯби шадид қарор гирифта буданд, дар муассиса нисбати шоҳидон амалҳои ғайриконунӣ раво дида шуда, ҳоло барои ҷойгир кардани онҳо дар утоқи ҷаримавӣ замина гузошта истодаанд.

Ҳамза Икромзода низ маҳз дар утоқи ҷаримавӣ мавриди латукӯб қарор гирифта, ба марг расонида шуда буд. Айни замон ҳаёт ва саломатии маҳбусон зери хатар карор дорад. Дар ин хусус ман хабари кӯтоҳ ба Созмонҳои дифои башар расонидам.

Дӯстони азиз! Аз тақдири ҳаммилати худ бетараф набошед. Дар дигар ҳолат шояд рӯзҳои наздик рӯйхати қурбониёни шиканҷа дар зиндонҳои кишвар зиёд шавад».

NoTorture.Tj