Article Pages

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд (22 майи соли 2016).    

16.08.2024 - 20:47

Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.      

15.08.2024 - 16:05

Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳатмист (22 майи соли 2016). Ҳукумат ваколаташро дар назди Президенти навинтихобшуда вомегузорад. Ҳукумат дар мавриди ғайри имкон донистани иҷрои фаъолияти мӯътадили худ, метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад....

14.08.2024 - 16:02

Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад. Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти...

13.08.2024 - 12:20

Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.      

12.08.2024 - 16:53

Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якуми ӯ мегузарад. Дар ҳолатҳои зикршуда дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад. Ваколатҳои Президент дар ҳолате, ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ...

11.08.2024 - 16:50

Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.        

10.08.2024 - 15:18

Салоҳияти Президент: 1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад; 2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад; 3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад; 4. Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи...

09.08.2024 - 12:37

Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.              

08.08.2024 - 14:02

Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад: "Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям". Ваколати...

07.08.2024 - 13:56

Страницы