Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Манъи мутлақи шиканҷа дар моддаи 5-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон аз соли 1948 сабт шудааст.
Моддаи 7-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ соли 1966 муқаррар кардааст: "Ҳеҷ кас набояд ба шиканҷа ё муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо дучор шавад. Аз ҷумла, ҳеҷ кас набояд бидуни ризоияти озоди ӯ ба озмоишҳои тиббӣ ё илмӣ дучор гардад".
Соли 1984 Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ қабул шуд, ки давлатҳоро вазифадор мекунад, то амалҳои шиканҷаро пешгирӣ, тафтиш ва муҷозот намоянд.
Бо вуҷуди ин, бо гузашти беш аз 40 сол аз қабули Конвенсия, шиканҷа дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон идома дорад.
Ин аст, ки механизмҳои ҳуқуқи инсони СММ мониторинг, гузориш ва пешниҳоди тавсияҳо ба давлатҳоро идома медиҳанд, то онҳо уҳдадориҳои худро пурра риоя кунанд, қонунҳои муассир қабул намоянд, қонуншиканиро тафтиш кунанд ва ҳимояи қурбониёну шахсони ба шиканҷа дучоршударо таъмин созанд.
Дар матлаби мо оид ба механизмҳои ҳуқуқҳимоякунии СММ маълумоти бештарро дарёбед.
#26June #UNHumanRights