Article Pages

25-уми июни соли 2013, Душанбе. Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ» бо мусоидати Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Amnesty International иқдомотеро таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» баргузор мекунад. Дар доираи иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир мегардад, ки дар он 9 саргузашти воқеӣ инъикоси худро меёбад...

25.06.2013 - 14:16

Давлатёр Қурбонов, як маҳбуси зиндони рақами аввали Душанбе, ки шоҳиди марги Ҳамза Икромзода дониста мешавад, таҳти фишор ва таҳдид қарор гирифтааст.  Дар ин бора рӯзи 24-уми июн Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, хабар дода гуфт, чанд рӯз пеш маъмурони зиндон аз Давлатёр Қурбонов тақозо кардаанд, ки аз додани шоҳидӣ даст кашад. Амиралӣ Икромов гуфт, “огоҳ...

25.06.2013 - 08:46

Ҳайати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикиcтон ба аризаи шикоятии вакилони дифои Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев посухи радд дод. Файзи Олӣ, вакили дифои Димон Ашӯров рӯзи 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи сешанбе ҳайати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи шикоятии наздикон ва ҳимоятгарони ҳуқуқии онҳоро баррасӣ кард ва онро бидуни тағйир гузошт: «Бо ҳамин ҳукми Додгоҳи олӣ дар...

19.06.2013 - 12:23

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, баррасии шикояти наздикони Маҳмуд Исмоилов, корманди маҳбаси №1-и шаҳри Душанбе, ки дар робита ба қазияи марги маҳбуси ин муассиса Ҳамза Икромзода ба муҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, мавқуф гузошт. Суд сабаби мавқуф гузоштани баррасии шикояти онҳоро дар хусуси тақаллуб дар тартиби протокол ва таҳрифи нишондоди шоҳидонро бино ба корҳои ҷамбастии шашмоҳа дар...

19.06.2013 - 12:11

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корманди муассисаи ислоҳии Я/С 3/1-и шаҳри Душанбе Маҳмуд Исмоиловро, ки дар парвандаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода гунаҳкор эътироф шуд, ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба ОИ адвокати ҷониби ҷабрдида хабар дод, тамоми далелҳои ба суд пешниҳодгардида мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифта ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шуд. Аммо...

29.05.2013 - 18:49

Иван Шимонович, ёвари Дабири кулли СММ рӯзи чаҳоршанбе аз яке аз маҳбасҳои пойтахти Тоҷикистон дидан кард. Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон берун аз барномаи сафари худ ғайримунтазира пешниҳод кардааст, ки аз маҳбасҳои Тоҷикистон дидан кунад. Одинашоҳ Муродов, сӯхангӯи раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ба «Озодӣ» гуфт,...

23.05.2013 - 12:03

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ рӯзи 22-юми май Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон Иван Шимоновичро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои торнамои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, иҷрои тавсияҳои абзорҳои СММ роҷеъ ба...

23.05.2013 - 11:49

Наздикони бархе аз маҳбусон тасмим доранд дар эътироз ба шиканҷа дар зиндонҳои кишвар, роҳпаймоӣ намоянд. Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев, маҳбуси зиндони Хуҷанд рӯзи 22-юми май ба "Озодӣ" гуфт, ки тасмим гирифтааст ҳамроҳ бо хешовандонаш ва  наздикони маҳбусони дигаре, ки мавриди шиканҷаву азият қарор гирифтаанд, аз маркази ноҳияи Ҳисор ба нишони эътироз то пойтахт роҳпаймоӣ...

22.05.2013 - 12:55

Субҳи имрӯз, 20-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатии Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлия (СИЗО №1)-и шаҳри Душанбе баррасии парвандаи марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-сола, ки тирамоҳи соли гузашта вафот карда буд, оғоз гардид. Мурофиа дар бинои боздоштгоҳ, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт воқеъ аст, соати 10 сар шуда, бо иштироки ду вакили дифоъ - Гулчеҳра Холматова, Файзи Олим ва...

20.05.2013 - 13:24

Имрӯз, 15-уми май, таҳти пофишори пайвандони Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтид, баррасии додгоҳии марги марҳум ба рӯзи душанбеи 20-уми май гузошта шуд. Додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, имрӯз бо вуҷуди кушода эълон шудани мурофиаи додгоҳии марги Ҳамза Икромзода, ба намояндагони васоити ахбори омма ва масъулини Созмони милали муттаҳид...

15.05.2013 - 14:36

Страницы