Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.
15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.
Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.
Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.
Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.
Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!
20-уми октябри соли 2011 Баҳромиддин Шодиеви боздоштшуда аз шуъбаи милитсия дар ҳолати беҳушӣ ба шуъбаи эҳёгарии маркази миллии тиббии «Қарияи Боло» интиқол дода шуд. Баъди чанд рӯз ҷавон аз дунё гузашт. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эълон доштанд, ки вақте ӯро боздошт кардаву ба шуъбаи милитсия мебаранд, худаш аз ошёнаи дуюми бинои ШКД мепарад. Ба суд танҳо парванда нисбати муфаттише ирсол гардид, ки ба хунукназарӣ ва ба марг оварда расонидани боздоштшуда айбдор шуда буд. Ӯ ба муҳлати ду соли маҳрумият аз озодӣ ҳукм гирифт.
«Шиканҷа - роҳи аз ҳама осони гирифтани нишондод ва қатъ кардани парванда аст. Баҳромиддин қурбонии чунин система шуд»,- бовар дорад Ниёзбибӣ Бӯриева - модари Баҳромиддин.