Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳдудияту маҳрумият аз озодӣ ба татбиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсиси механизми миллии пешгирикунанда, инчунин ташкили механизми мониторинги мустақили ҷамъиятии ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мусоидат менамояд.
Ҳамоҳангсози гуруҳ аз 1-уми январ то 30-юми июни соли 2019 ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» (ҳамоҳангсоз Таҳмина Ҷӯраева) ба шумор мерафт. Аз 1-уми июли соли 2019 гуруҳро Фарҳод Бобоев (ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон») ва Парвина Ғиёсова (ТҶ «Апейрон») ҳамоҳангсозӣ мекунанд.
Соли 2019 дар муассисаҳои пӯшида ва ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ 7 мониторинг гузаронида шуд: муассисаи ноҳиявии руҳии ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд, муассисаи ноҳиявии руҳӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, беморхонаи вилоятии руҳии ноҳияи Роштқалъа, маркази вилоятии руҳии №1 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, тавқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентии назорати маводи мухаддир дар ВМКБ, тавқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентии назорати маводи мухаддир дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, тавқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентии назорати маводи мухаддир дар вилояти Хатлон. Бо натиҷаҳои мониторингҳо дар торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org шинос шудан мумкин аст.
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» аз номи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ аз 19 то 30-юми августи соли 2019 дар 6 муассисаи СРИҶҶ ВА ҶТ - ду тавқифгоҳи тафтишотӣ ва чор колонияи ислоҳотӣ мониторинг гузаронид:
- Муассисаи ислоҳотии ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;
- Муассисаи ислоҳотии ЯС 3/2-и шаҳри Ваҳдат, НТМ;
- Колонияи (занона) ислоҳотии ЯС 3/8-и шаҳри Норак, НТМ;
- Колонияи (кӯдакона) таълимии ЯС 3/12-и шаҳри Душанбе;
- СИЗО-и шаҳри Душанбе, ЯТ 9/1;
- СИЗО-и шаҳри Хуҷанд, ЯТ 9/2.
Мақсади асосии мониторинги мазкур баҳогузорӣ ба эҳтиёҷоти пешгирӣ ва мубориза бо экстремизму терроризм дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо роҳи омӯзиши шарту шароити нигоҳ доштани шахсони барои терроризм ва экстремизм ҳабсшуда, муайян намудани талаботи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба офиятбахшии маҳбусон буд.
Дар бораи ҳар кадом боздид аз торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - www.notorturetj.org ба таври муфассалтар бохабар шудан мумкин аст.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аъзои гуруҳи мониторингӣ низ барои санҷиши хабарҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба муассисаҳои пӯшида дастрасӣ надоранд. Дар сурати ворид гардидани муроҷиат аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, намояндагони Эътилоф ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои гузаронидани боздидҳо ва ё санҷишҳои якҷояи далелҳо муроҷиат мекунанд. Баъзан боздидҳо аз рӯи чунин муроҷиатҳо аз ҷониби намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бе иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида мешаванд.
Дар шаш моҳи соли 2019 аз рӯи хабарҳои аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ оид ба нақзи ҳуқуқҳои асосии инсон расида аъзои гуруҳи мониторингӣ тавонистанд танҳо бо як нафар дидор намоянд.
20-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Форуми аввалини пенитенсиарии «Рушди низоми пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи Форум аз ҷониби намояндагони Эътилоф натиҷаҳои муқаддамотии мониторинги ҳолати муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 муассисаи СРИҶҶ ВА ҶТ, ки аз 19 то 30-юми августи соли 2019 гузаронида шуда буд, пешниҳод карда шуд.