Гуруҳи мониторингӣ: дар соли 2018 аввалин бор мониторинги тавқифгоҳи муваққатии АНМН иҷозат дода шуд

Гуруҳ оид ба мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар соли 2018 аз 16 муассиса дидан намуда, аз ҷумла аввалин маротиба дар тавқифгоҳи муваққатии зертобеи Агентии назорати маводи нашъаовар гузаронидани мониторингро оғоз кард.

Миёни муассисаҳое, ки Гуруҳ оид ба мониторинг аз онҳо дидан намуд, инҳоянд: муассисаи руҳии вилоятии шаҳри Исфара, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Спитамен, хона-интернат барои беморони руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Муминобод, хона-интернат барои беморони руҳии ноҳияи Восеъ, тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Дарвоз, тавқифгоҳи муваққатии РВКД-и шаҳри Хоруғ, Маркази наркологии вилояти Суғд, муассисаи руҳӣ дар ноҳияи Зафаробод, Мактаб-интернати махсускунонидашудаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва ғайраҳо. Бо ҳар кадоми боздидҳо ва тавсияҳои гуруҳҳо дар торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ - www.notorturetj.org шинос шудан мумкин аст.

Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумияту маҳдудият аз озодӣ назди худ чунин мақсадҳо гузоштааст: пешбурди тасвиби Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсиси механизми миллии пешгирикунанда; таъсиси механизми мониторинги ҷамъиятии мустақили ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ.

Гуруҳ узви Гуруҳи корӣ оид ба пешбурди тасвиби ПФ ба КЗШ ва ҳамоҳангсози механизми мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ба шумор рафта, фаъолияти Гуруҳи мониторингиро дар мавриди боздид аз ҷойҳои маҳрумияту маҳдудият аз озодӣ ҳамоҳанг месозад.

Дар соли 2018 фаъолияти гуруҳ аз ҷониби лоиҳаи «Фаъолият ба фоидаи озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ ёфт. Самтҳои алоҳидаи фаъолияти Гуруҳи мониторингӣ аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, БРСММ ва Фонди Зигрид Раузинг Траст маблағгузорӣ шуданд.

Моҳи июни соли 2018 ба Гуруҳи мониторингӣ намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ барои гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои нигоҳдории кӯдакон дохил карда шуданд.

Гуруҳ ба табодули таҷриба бо дигар кишварҳо низ таваҷҷуҳи зиёд медиҳад. Аз 17 то 20-уми октябри соли 2018 аъзои гуруҳҳои корӣ ва мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ бо мақсади табодули таҷриба аз Арманистон дидан намуданд. Ҳангоми сафари худ ҳайат бо Омбудсмени ин кишвар Армен Татоян, сардори Раёсати назорати қонуният дар ҷойҳои маҳрумият аз озодии Прокуратураи генералии Арманистон Григор Погосян, сардори Хадамоти озмоишии Арманистон Геворг Исаханян, сардори СРИҶ-и Арманистон Артём Мхоян вохӯрданд. Ба ғайр аз ин, ҳайат аз ду муассисаи Арманистон - тавқифгоҳи муваққатӣ ва маҳбаси шаҳри Армавир дидан намуданд.

Намояндагони Эътилоф ва умуман ҷомеа имконияти мустақилона боздид намудан аз ҷойҳои маҳрумият аз озидиро ба хотири санҷидани муроҷиатҳо оид ба нақзи ҳуқуқи инсон дар чунин муассисаҳо надоранд. Айни замон ҳангоми ворид гардидани иттилоъ аъзои Гуруҳи мониторингӣ низ аз имконияти санҷидани хабарнома аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ маҳруманд. Агар иттилоъ/шикоят ворид шавад, роҳбари Гуруҳи мониторингӣ ба номи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва намояндаи Прокуратураи генералӣ - узви Гуруҳи корӣ оид ба пешбурди тасвиби ПФ ба КЗШ дар бораи гузаронидани санҷиш мактуб ирсол менамояд. Дар соли 2018 аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ чор хабарнома ворид гардидааст.

 

Иттилооти бештарро метавон бо истинои зерин пайдо намуд: http://notorturetj.org/

Ҳамчунин, иттилооти бештарро метавонед дар саҳифаҳои иҷтимоии мо дастрас намоед:

На  Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

В Google+:https://plus.google.com/107767311153916349012

В Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

В Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

В Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw   

В Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

В Теллеграмм: http://t.me/notorturetj

В Инстраграмм: notorture.tj

NoTorture.Tj