Гурӯҳи офиятбахшӣ дар нимсолаи аввали соли 2024: 9 нафар қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва аъзои оилаҳои онҳо барои офиятбахшӣ муроҷиат карданд

Дар давраи ҳисоботӣ 9 нафар барои офиятбахшӣ муроҷиат карданд, ки аз онҳо 7 нафар мардон (як писари ноболиғ) ва 2 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии қурбониён 6 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 3 нафар хешовандони ҷабрдидаҳо мебошанд.

Шаш ҷабрдида, ки бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд, аз зарба ба сар, рӯй ва пойҳо, зарбаҳо ба пушт, қабурғаҳо ва кашидан аз мӯй шикоят карданд. Ҳамчунин, шикоятҳо дар бораи фишори равонӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳқир, аз ҷумла барои баромади миллӣ ва суханҳои қабеҳ вуҷуд доштанд.

Ба ҳамаи қурбониён, инчунин аъзои оилаҳои онҳо ёрии тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ расонида шуд.

Дар натиҷаи ташхис дар осебдидагон ва наздикони онҳо ҷароҳатҳои зерини хислати тиббӣ дошта муайян карда шуданд: зиёд шудани қанди хун, баланд шудани фишори хун, дарди дил, дарди сутунмуҳра, дарди шадиди сар, дарди қабурғаҳо, дарди зонуҳо, дард дар гурда, дарди пой, дард дар қафаси сина. Пас аз муоинаи терапевт, невропатолог, кардиолог, ортопед ва травматолог ташхис гузошта ва дар шакли табобати амбулаториву статсионарӣ тавсияҳо дода шуданд.

Дар ҷабрдидагон ва хешовандони онҳо оқибатҳои хислати равонӣ доштаи ҳолати аз сарашон гузаронида ба мушоҳида расид: ҳолати осебпазир аз шиканҷа, аз даст додани хоб, асабоният, изтироб, хашмгинӣ, паст шудани худбаҳодиҳӣ, дамдуздӣ, эҳсоси бетафовутӣ, нобоварӣ ба одамон, гум шудани иштиҳо, фаромӯшхотирӣ, ашкрезӣ.

Ёрии иҷтимоӣ ба 9 нафар қурбониёни шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо (7 ҳолат) расонида шуд: 1 ҳолат дар вилояти Хатлон (1 нафар) ва 6 ҳолат (8 нафар) дар шаҳри Душанбе.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ ба 6 нафар қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин аъзои оилаҳои онҳо ёрии такрории тиббӣ расонида шуд. Аз ин шумора 4 нафари онҳо мустақиман ҷабрдида, 2 нафари боқимонда хешовандон мебошанд. Ҳамаи 6 нафар аз муоина ва ташхис гузашта, муолиҷаи амбулаторӣ гирифтанд. Кумак дар асоси қарори консилиум ва тавсияи духтур расонида шуд.

 

NotortureTj