ИҶРОИ ТАЛАБОТИ «НАҚШАИ МИЛЛИИ АМАЛҲО ВОБАСТА БА ИҶРОИ ТАВСИЯҲОИ КУМИТАИ ЗИДДИ ШИКАНҶАИ СММ БАРОИ СОЛҲОИ 2019-2022»

Дар доираи семинари омӯзишӣ, ки рӯзҳои 29-30-юми августи соли 2022 дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба иштиродорон пешниҳод шуд, то ин ки оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матлаби иттилоотӣ омода намоянд. Дар ин силсиламатолиб матлабҳоеро, ки иштирокдорони чорабинӣ омода кардаанд, пешкаши шумо мегардонем.

Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи мутлақ буда, он ҳеҷ гоҳ маҳдуд карда намешавад. Дар моддаи 143(1)-и Кодеси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми шиканҷа ба таври зайл шарҳ дода шудааст:

- қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ, ки аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки ӯ ё шахси сеюм содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст.

Ҳамзамон, тибқи талаботи ҳамин модда нафароне, ки ба ин қонуншиканӣ даст мезананд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд. Маврид ба зикри хос аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз шиканҷа «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022» қабул гардидааст.

Дар баробари ин, дар мамлакат як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, ки самти корияшон бевосита пешгирӣ аз шиканҷа аст. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар корхонаву идораҳои давлатӣ ҷиҳати иҷрои талаботи «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022» пайваста чораҳои заруриро тадбиқ менамояд. Дар тамоми қисму воҳидҳои ин ниҳоди қудратӣ муовинони командирон дар самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ амал менамоянд, ки онҳо пайвасата дар байни ҳайати шахсӣ машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида, ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқию сиёсии онҳо корҳои назаррасро анҷом медиҳанд. Илова бар ин, бо ҳайати шахсӣ суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида мешавад ва дар аснои суҳбатҳо таъкид карда мешавад, ки ба амалҳои ғайриқонунии таҳқиркунандаи шаъну шараф ва поймол кардани ҳуқуқҳои инсон даст назананд. Бо ҳамдигар хушмуомила бошанд ва зимни адои хизмати ҳарбӣ муносибатҳои байниҳамдигариро дар доираи ойиномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ роҳандозӣ намоянд.

  Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имлову услуби муаллиф нигоҳ дошта шудааст.

 Ин маҷмуа дар чаҳорчӯбаи семинари омӯзишӣ барои мутахассисони бахши робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ ва такмили маҳорат дар инъикоси масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти чорабиниҳо оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии созмонҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, омода карда шудааст.