Исфара: Таҳдиди кормандони милиса ба волидайни гумонбар ба баёноти бардурӯғ

Исфара: Таҳдиди кормандони милиса ба волидайни гумонбар ба баёноти бардурӯғ

Падару модари сокини Исфара, ки ба додани баёноти бардурӯғ гумонбар дониста мешавад, ба ҳимоятгар дар бораи амали ғайриқонунӣ ва таҳдиди кормандони милиса ба онҳо хабар доданд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгар Файзинисо Воҳидова дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки чанд рӯз қабл падару модари шоҳид Ш.А. дар парвандаи пурсарусадои куштори корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Исфара ба ӯ хабар додаанд, ки онҳоро ба ШВКД Исфара-2, воқеъ дар ҷамоати Чоркӯҳ дар робита ба масъалаи оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати фарзандашон барои додани баёноти бардурӯғ даъват кардаанд.

«Ман бо онҳо вохӯрда, огоҳ гардидам, ки кормандони милиса ба онҳо таҳдид намуда, баргаштани фарзандашон аз Русия барои додани баёнотро талаб кардаанд. Гап сари он аст, ки рӯзи 7-уми марти соли 2011 Суди вилояти Суғд 5 нафар сокини деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфараро барои даст доштан дар куштори корманди комиссариати ҳарбӣ маҳкум намуда, ҳамчунин қарор кард, ки нисбат ба се нафар шоҳидон барои додани баёноти бардурӯғ чора андешида шавад, вале дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ ишора нарафта буд. Аммо имрӯз чун волидайнро бозпурсӣ ва баргаштани шоҳидро талаб мекунанд, аз эҳтимол дур нест, ки нисбат ба се нафар шоҳидон барои дидаву дониста баёноти бардурӯғ додан парвандаи ҷиноӣ боз мегардад»,- мегӯяд Воҳидова.

Дар робита ба истифодаи методҳои ғайриқонунӣ, таҳқир ва таҳдиду шиканҷа нисбати волидайни шоҳидон, ҳимоятгар изҳор намуд, ки чунин ҳолатҳо қаблан ҳам вуҷуд доштанд, вале чун дар Женева ҳисобот оид ба шиканҷа оғоз гардида, дар он прокурори генералии ҷумҳурӣ оид ба 5 парванда, аз ҷумла парвандаи дар боло зикршудаи 5 нафар сокинони Исфара ва 3 нафар шоҳидон низ гузориш медиҳад, пас тасмим гирифта шудааст, ки дар ин хусус ба мақомоти дахлдор пас аз гузориши прокурори генералӣ муроҷиат карда хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон Суди вилояти Суғд 4 нафар сокини 22-сола ва як тан сокини 26-солаи деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараро барои даст доштан дар куштори ёвари сардори мизи шиносномадиҳиву баҳисобгирии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Содиқ Ашӯрови 34-сола муттаҳам дониста, ба муҳлатҳои аз 12 то 14 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳимоятгари маҳкумшудагон Файзинисо Воҳидова бар ин назар аст, ки зерҳимоягони ӯ бидуни ҳеҷ асосе боздошт ва маҳкум шудаанд. «Онҳо дар содир намудани ин ҷиноят даст надоранд, зеро ҳамаашон аз хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ озод буда, барои ин ягон сабабе ҷой надошт»,- изҳор дошта буд ӯ.

Ба қавли вай, дар ҷараёни мурофиаи судӣ се нафар шоҳидон баёнот дода, даст надоштани гумонбарон ба ин ҷиноятро гувоҳӣ доданд, вале суд онро ба инобат нагирифт.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳангоми ба вуқуъ пайвастани ин ҳодиса судшавандагон дар ҷойи дигар будаанд, лекин суд баёноти мазкурро ба инобат нагирифта, гузашта аз ин, аз Прокуратураи шаҳри Исфара дархост намуд, ки нисбат ба се нафар шоҳидон, ки дидаву дониста баёноти бардурӯғ додаанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори шаҳри Исфара Иззатулло Муҳаммадиев хабар дод, дарвоқеъ ҳам нисбат ба онҳо аз ҷониби прокуратура парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба қавли масъули тафтиши парвандаи мазкур, сармуфаттиши Прокуратураи шаҳри Исфара Назирҷон Абдураҳимов, нисбат ба сокинони деҳоти Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара С.М., Ш.А. ва К.К. мутобиқи моддаи 351, қ. 2, б. «а»-и КҶ ҶТ (Гувоҳии бардурӯғ ба айбдоркунӣ дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.  

Мавлюда Рафиева, "Азия-Плюс"