Ислоҳоти системаи адолати судӣ нисбати кӯдакон

20-уми ноябри соли 2025 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба масоили ислоҳоти системаи судӣ нисбати кӯдакон баргузор гардид.

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ ба таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, бо таваҷҷуҳи махсус ба системаи адолати судӣ нисбати кӯдакон ва тартиби дур кардани ноболиғон аз адолати судии ҷиноятӣ бахшида шуда буд. Ҷаласа аз ҷониби Рената Винтер, коршиноси байналмилалии Фонди кӯдаконии СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо ташаббуси Фонди ҷамъиятии "Ташаббуси ҳуқуқӣ" дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳайати кадрии хадамоти иҷтимоӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои кӯдакони дар низоъ бо қонун қарордошта" ташкил карда шуд.

ФҶ "Ташаббуси ҳуқуқӣ"