Article Pages

Прокуратураи шаҳри Душанбе ба таҳқиқи шикояти Эътилофи зидди шиканҷа дар бораи бадрафтории милисаҳо шуруъ кардааст, ки наворашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Бино ба иттилои Прокуратураи шаҳри Душанбе, айни ҳол, шахсияти милисаҳо, ба гумони ғолиб нозирони БДА, ки дар навори мазкур ҷавононро таҳқир ва лат кардаанд, муайян карда нашдуааст. Дар ҳолати мушаххас шудани ҳуввияти онҳо ва...

16.08.2016 - 09:33

Дар робита ба марги Рамазон Забиров, сокини рустои Тӯдаи Ҳисор ва сарбози нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ду нафар боздошт шудаанд. Таҳқиқи ин қазия аз тарафи Додситонии ҳарбӣ идома дорад. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонӣ, рӯзи 12-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аммо ҳанӯз алайҳи ду сарбози боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ...

12.08.2016 - 17:52

Наздикони Рамазон Забиров, сокини рустои Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, иддао доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар сафи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматонаш латту кӯб шуда ва баъдан ҷон додааст. Рамазон моҳи апрели соли ҷорӣ ба хидмат рафта ва ҷасадаш рӯзи 7 август ба хок супурда шудааст. Иллати расмии марги Рамазон Забировро, ки дар қисми низомии 2858-и ноҳияи Зафарободи вилояти...

10.08.2016 - 20:18

Имрўз, 9-уми август, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон оид ба содир шудани ҷиноят ариза пешниҳод кард. Эътилоф аз пахши навори таҳқиркунандаи видеоие дар шабакаи Facebook  нигаронӣ карда, аз ҷумла изҳор доштааст: «Видеонавори номбурда аз ҷониби шахси номаълум, ки иштирокчии ин ҳодиса мебошад, сабт...

09.08.2016 - 08:00

Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи гузашта танҳо як ҳолати шиканҷаро исбот кардааст. Бино ба иттилои Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, дар нимсолаи гузашта ба ин ниҳод 8 шикоят вобаста ба шиканҷа ворид гардид. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмоназ 8 шикоят ҳамагӣ 1 шикоят қонеъ карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Аммо Прокурори генералӣ мушаххасан...

08.08.2016 - 09:37

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 5-уми август шикояти волидони сарбози фавтида Фирдавс Раҳматовро барои ҷуброни зарари маънавӣ баррасӣ карда, бо ҳалнома онро дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Ёдовар мешавем, ки Фирдавс Раҳматов 7-уми июни соли 2015 дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш ба ҳалокат расида буд. Шикояти волидони ӯ аз болои Вазорати мудофиаи ҶТ бо дархости...

05.08.2016 - 20:17

Юсуф Раҳмон Аҳмадзод, Прокурори генералии кишвар мегӯяд, дар умум тарафдори ба роҳ мондани ҳукми қатл дар Тоҷикистон мебошад. Номбурда имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт: «Ман ҳамчун Прокурори генералӣ ҷонибдори иҷрои ҳукми қатл нисбати нафароне ҳастам, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла куштори пешакӣ тарҳрезишудаи якчанд нафар, кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ҳаракатҳои террористӣ ва...

04.08.2016 - 14:29

Баррасии аризаи даъвогии волидони сарбози дар артиш ба ҳалокатрасида зидди вазорати дифои Тоҷикистон ба таъхир андохта шуд. Интизор мерафт, ки имрӯз додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе хулосаҳои худро дар заминаи аризаи пардохти ҷубронпулии маънавӣ аз марги Фирдавс Раҳматов эълон мекард. Додрас Нарзулло Шараф дар мурофиаи рӯзи 26 июл дар Душанбе гуфт, ки ҳукм аз рӯи ин парванда ба...

26.07.2016 - 12:54

Интизор меравад, ки рӯзи 26 июл додгоҳи низомии горнизони шарҳи Душанбе қарори худро аз рӯи аризаи даъвогии волидони сарбози дар артиш ба ҳалокатрасида эълон кунад. Додгоҳи гарнизони Душанбе бояд мавқеашро дар робита бо талаби пардохти ҷубронпулии маънавӣ баъди марги сарбоз Фирдавс Раҳматов эълон кунад. Чанде пеш волидони сарбоз Дилором ва Ғаниҷон Раҳматовҳо аз Вазорати дифои Тоҷикистон тақозо...

25.07.2016 - 15:15

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон қазияи Хуршед Аминов, сарбози қушунҳои дохилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро, ки гӯё ҳамхидматҳояш ӯро водор кардаанд, шишапораҳоро хӯрад, мудҳиш хонд.  Раҳимзода имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, қазияро зери назорати шахсияш гирифта, барои таҳқиқи мунсифонаи он ба раёсати қушунҳои дохилӣ ва амният дастур...

22.07.2016 - 13:41

Страницы