Article Pages

Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоятҳо дар мавриди беҷазо мондани омилони марги Исмонбой Бобоев ва таъхиркории мақомоти тафтишотиро шарҳ додааст.   Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 баъди боздошташ аз сӯи кормандони мақомоти пулис ба таври мармуз фавтид, ҳамроҳи вакили дифоъ талош дорад, ки омилони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.    Эътилофи зидди...

22.11.2016 - 16:25

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба волидони сарбози маъюбшуда Шаҳбол Мирзоев 4 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ ва 37 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ, пардохт кунад. Дар ҷараёни мурофаи ниҳоии ин парванда, ки рӯзи 22 ноябр баргузор шуд, намояндагони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳузур надоштанд. Дилшод...

22.11.2016 - 11:14

Баррасии шикоят аз болои қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати марги Уктамҷон Игамов бо сабаби барои бозомўзӣ ба Суди шаҳри Хуҷанд баргардонидани парванда ба таъхир гузошта шуд. Ба гуфтаи адвокат Дилафрўз Самадова, ки ба оилаи Игамовҳо аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ таъмин карда шудааст, дар суди вилоятӣ тасдиқ...

19.11.2016 - 17:23

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки шикояти дар идораи пулиси маҳаллӣ мавриди бадрафтории ҷинсӣ қарор гирифтани як зани 25-сола таҳқиқ мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр бо пахши як изҳорот гуфт, ки талошҳои ин созмон барои ба шурӯи таҳқиқи ҷиноии ин қазия водор кардани мақомоти интизомӣ ҳанӯз натиҷа надодааст. ВКД: "Шикояте ворид нашудааст" Умарҷони...

19.11.2016 - 07:20

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд ду сарбози қатории қисми ҳарбии "28 57"-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғдро ба иттиҳоми даст доштан дар марги ҳамхизматашон Рамазон Забиров гунаҳкор донист ва онҳоро равонаи зиндон кард. Аммо муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ шомили афв шуд ва додгоҳ ӯро аз ҷавобгарӣ озод намуд. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд ду сарбози қатории қисми...

11.11.2016 - 15:48

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур далели тасдиқкунандаи латукӯби корманди созмони байналмилалӣ дар Душанберо дарёфт накарда, оѓоз кардани парвандаи ҷинонятиро аз рӯйи ин ҳолат рад намудааст,- хабар дод ба «АП» адвокати ҷабрдида Дилшод Ҷӯраев. Сухан дар бораи латукӯби сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милиса дар доираи амалиёти «Нелегал»-и 2-юми октябр меравад. Оид ба ин ҳолат қаблан...

10.11.2016 - 09:56

Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба аризаи як зани сокини пойтахт, ки иддао дорад кормандони милиса ғайриқонунӣ ба манзилаш ворид шуда ва латукӯбаш кардаанд, ҷавоби рад додааст. Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои ин зан рӯзи ҷумъаи 28 октябр зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ таъйид кард, ки додситонии ноҳияи Шоҳмансур аризаи шикоятии онҳоро рад кард. Вай афзуд, ки ҳанӯз сабаби ради мақомоти тафтишотро дар...

28.10.2016 - 15:49

Рӯзи 27-уми октябр дар Суди ноҳияи Синои пойтахт аз рӯи шикояти Тоҷинисо Каримова - модари Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола, ки моҳи апрели соли 2015 дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона даргузашт, мурофиаи судӣ баргузор мегардад. Модари Шамсиддин талаб дорад, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди марги писараш аз сар...

26.10.2016 - 09:53

Рўзи 27-уми октябр, аз соати 9:00 то 12:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор мегардад. Мизи гирд аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Маркази таълими судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои лоиҳаи «Боло...

22.10.2016 - 18:55

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба баррасии далели лату кӯби як зан, сокини шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёти «Нелегал» рӯзи 2 октябр оғоз кард.   Зани ҷабрдида, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ мекунад ва адвокати ӯ Дилшод Ҷӯраев ҳанӯз санаи 10 октябр аз болои рафтори бераҳмонаи кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ба прокуратураи шаҳр шикоят бурдаанд.   «Мо...

20.10.2016 - 11:25

Страницы