Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз мо Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башарро ба хотири 66 сол пеш аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қабул гардидани Эъломияи ҳуқуқи башар қайд менамоем.
Мавзӯи имсолаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар – ҳуқуқи башар 365 - бозгӯи талошҳо ба хотири он аст, ки ҳар нафар дар ҳар ҷо ва дар ҳар давру замон аз ҳуқуқҳои башар ба куллӣ бархурдор бошад.
Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои ҳимояи ин ҳуқуқҳо талош хоҳад кард. Ду сол пеш ИА Барномаи стратегии ҳуқуқи башар ва демократияро ҳамзамон бо Нақшаи амал қабул ва намояндаи махсуси ИАро оид ба масоили ҳуқуқи башар таъин намуд. Аз он вақт то ба ҳол бо дастгирии давлатҳои аъзои ИА, мо дар беш аз 40 муколамаҳо бо кишварҳои сеюм оид ба ҳуқуқи башар ширкат варзида, бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ҳамкории наздик ба роҳ мондем.
Намояндаи махсуси ИА оид ба ҳуқуқи башар ҷаноби Ставрос Ламбринидис бо пуштибонӣ аз нақши созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии саросари олам ҳамкории фаъолу густурдаро бо шарикони асосӣ роҳандозӣ намуд. Баъзан сарфи назар аз шароити номусоид ва мушкилоти зиёд, намояндагиҳои ИА масоили ҳуқуқи башарро зери назорат гирифта, аз натиҷааш гузоришҳо омода карда, чораҳо зарурӣ меандешиданд.
Дастовардҳои мо дар ин самт назаррасанд, вале бо вуҷуди ин иҷрои корҳои зиёде дар пеш аст. Яке аз бахшҳои фаъолияти мо – масъалаи шиканҷа аст. Конвенсияи зидди шиканҷа аз ҷониби СММ 30 сол пеш аз ин қабул гардида буд, вале шиканҷа ҳанӯз ҳам дар саросари олам истифода мешавад. Ин аз мо тақозо менамояд, ки ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи хос зоҳир намоем.
Навсозии Нақшаи амал оид ба ҳуқуқи башар ва демократия дар соли 2015 имкон медиҳад, ки кӯшишу талошҳоямонро дар ин роҳ бори дигар собит сохта, бар зидди мушкилоти нав ба хотири умумият ва тақсимнопазирии ҳуқуқи башар муқовимат намоем.