Қасди роҳпаймоии волидони маҳбусҳо дар эътироз ба шиканҷа

Қасди роҳпаймоии волидони маҳбусҳо дар эътироз ба шиканҷа

Наздикони бархе аз маҳбусон тасмим доранд дар эътироз ба шиканҷа дар зиндонҳои кишвар, роҳпаймоӣ намоянд.

Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев, маҳбуси зиндони Хуҷанд рӯзи 22-юми май ба "Озодӣ" гуфт, ки тасмим гирифтааст ҳамроҳ бо хешовандонаш ва  наздикони маҳбусони дигаре, ки мавриди шиканҷаву азият қарор гирифтаанд, аз маркази ноҳияи Ҳисор ба нишони эътироз то пойтахт роҳпаймоӣ кунанд. 

Маҳмурод Одинаев мегӯяд, онҳо дар назар доранд, ки дар авоили моҳи июн бо ҷамъи бештар аз 500 нафар ва бо шиорҳои "Ба шиканҷа поён диҳед", "Дастандаркорони шиканҷа ба ҷазо кашида шаванд", "Фарзандони моро аз шиканҷаву зӯр раҳо кунед", "Нест бод шиканҷа" пиёда ба тарафи шаҳр роҳпаймоӣ намоянд.

Маҳмурод Одинаев афзуд: «Мо борҳо ба президенти Тоҷикистон, Доситонии кулл, ба раиси маҳбасҳои Тоҷикистон Иззатулло Шарифов дар бораи латту кубу бераҳмии масъулони зиндонҳо дар нисбати фарзандонамон нома навиштем, касе ба доди мо нарасид, ба сафоратҳо муроҷиат кардем, натиҷа надод, чанд маротиба дар назди Қасри президент ҷамъ омадем ваъда доданду лекин ҳеҷ кор накарданд, тамоми роҳҳое, ки аз рӯи қонун вуҷуд дошт рафтем ба мо нигоҳ накарданд, барои ҳамин фикр мекунем шояд роҳпаймоии мо ба масъулон таъсир кунад.» 

Ӯ таъкид, ки ҳоло фурсат доранд, ки ба мақомоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар робита ба баргузор намудани раҳпаймоӣ ариза пешниҳод кунанд. 

Пас аз марги Ҳамза Икромзода, сокини ноҳияи Ҳисор дар маҳбаси рақами аввал, ба хотири ифшо нагаштани ҷузъиёти марги ӯ, ки ба қавли волидонаш бар асари латтукӯби бераҳмонаи масъулони зиндон фавтидааст, шаби 5-ум ба 6-уми ноябри соли гузашта беш аз 20 тан аз маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии рақами аввали Душанбе ба зиндони  Я/С №3/3-и шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.

Як рӯзи баъд тавре волидони онҳо, аз ҷумла падари Суннат Ризоев хабар дод, дар маҳбаси Хуҷанд фарзандонашонро латту куб ва азият додаанд. Пас аз ду рӯз, 7-уми ноябр Эътилофи ташкилоти ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз қавли маҳбусон маълумот дод, ки маҳбусҳо бо расидан ба муассисаи мазкур, мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифтанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 7-уми ноябри соли 2012 хешовандони маҳкумшудагон ба Додситонии кул шикоят навишта, сипас ба аъзои Эътилофи ташкилоти ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо дархости мусоидат барои гузарондани ташхиси судиву тиббӣ ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд.

Ozodi