Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Файзинисо Воҳидова, вакили Садриддин Тошев аз суд талаб кард, то прокурор Диловар Алиев бино ба сабаби таҳдид карданаш ба ҷабрдидагону шоҳидон ва дар натиҷа ба даст овардани нишондоди дурӯғ, иваз карда шавад.
Ин дуввумин прокурор аст, ки дар мурофиаи судии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбус - шоҳиди марги Ҳамза Икромзода, ки дар маҳбасхонаи №3-и шаҳри Хуҷанд давом дорад, бо истифода аз ваколатҳои худ ба шоҳидону ҷабрдидагон таҳдид карда, ба рафти мурофиа халал мерасонад, - мегӯяд адвокат.
- Дар мурофиаи дирӯза, Маҳмадтолиб Зоҳидов зимни шоҳидӣ додан дар мурофиаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ки ба паҳни навори бардурӯғ бо роҳи сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма айбдор мешаванд, шоҳидӣ дода, гуфт, прокурори қаблӣ Парвиз Қосимов низ ба онҳо таҳдид мекардааст, ки аз баёнот дар бораи латукӯби кормандони маҳбас даст кашанд.
Маҳмадтолиб Зоҳидов дар мурофиа гуфт, ки Парвиз Қосимов ҳамроҳ бо раиси маҳбасхона Арабов Диловар онҳоро ҳар гуна таҳқир мекарданд. Вай гуфт, Парвиз Қосимов онҳоро маҷбур мекардааст, ки онҳо рақс кунанд.
- Дар мурофиа инчунин нишондодҳои маҳбусони дигар Илҳом Рустамов ва Неъмат Давлатов шунида шуд. Ҳар дуи онҳо низ аз таҳқиру латукӯби прокурори қаблӣ ва сохта набудани навори латукубро тасдиқ карда, дар ин бора шоҳидӣ доданд, - нақл кард Файзинисо Воҳидова.
- Ин дар ҳолест, ки дирӯз, 19-уми сентябр, яке аз шоҳидон дар мурофиаи судӣ гуфта буд, онҳоро бо супориши Изаттуло Шарипов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон латукӯб кардаанд ва ин наворҳо сохта набуданд.
Илҳом Рустамов ба ҳайси шоҳид дар мурофиаи дирӯза, ки дар маҳбаси №3-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, гуфтааст, наворҳое, ки ба расонаҳо роҳ ёфтаанд, сохта нашудаанд, балки маҳбусонро ҳангоми интиқол ба Хуҷанд дар ҳақиқат латукӯб карда буданд.
Бино ба иттилои вакили дифоъ, Илҳом Рустамов гуфтааст, рӯзи 5-уми ноябри соли гузашта, ҳангоми интиқоли маҳбусоне, ки ба қазияи марги Ҳамза Икромзода шоҳидӣ доштаанд, ба маҳбасхонаи Хуҷанд интиқол ёфта, мавриди латукӯби кормандони маҳбасхона қарор гирифтаанд.