Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар ин ҳамоиш, ки баъд аз зуҳри имрӯз, 10 октябр дар шаҳри Душанбе сурат пазируфт, аз таъйиди далели латту кӯби журналист аз сӯи ВКД изҳори қаноатмандӣ шуд, аммо иштирокдорон гуфтанд, хулосаи иттилоия боиси нигаронӣ аст, “зеро гунаҳкори асосӣ норӯшан мондааст”.
7 октябр Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри як иттилоия дар сомонаи расмияш гуфт, дар пайи санҷиш Ислом Хоҷаев, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №19 ШВКД дар ноҳияи Сино аз кор озод карда шуд.
Созмонҳои хабарнигорӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нишасти имрӯзи худ таъкид намуданд, барои пайдо ва муҷозоти омилони аслии латту кӯби Доро Суҳробӣ талош хоҳанд кард. Ин дувумин нишасти якҷояи ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон дар робита ба қазияи мазкур аст.
6 октябр ин гуруҳ эълон кард, стратегияи дифоъ аз ҳуқуқҳои Доро Суҳробӣ таҳия гардидааст.
Доро Суҳробӣ қаблан дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, 18 сентябр барои инъикоси корҳои роҳсозӣ ва савдои кӯчагӣ ба назди бозори "Гипрозем" рафта, мавриди латту кӯби кормандони милиса қарор гирифт. Ба гуфтаи ӯ, “шоҳид шудам, ки зани тахминан 55-солаи обфурӯш бо марде дар либоси мулкӣ муноқиша карда, даъво дошт, ки “дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам. Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ".
Журналисти ҷавон гуфт, вақте хост асли қазия ва сабаби вайрон шудани тартиботи ҷамъиятиро фаҳмад, он мард дар либоси мулкӣ изҳор доштааст, ки "ту қонундон боз аз куҷо пайдо шудӣ, суратамонро мегирӣ?" гӯён суратгираки журналистро гирифта, флешкаашро шикастаст: “Баъд ба низомипӯш фармуду маро ба шуъбаи корҳои дохилӣ дар маҳаллаи Гипрозем бурданд. Марде, ки либоси мулкӣ дошт, маро то беҳуш шуданам кӯфт. Нафарони дигар, ки ҳамроҳаш буданд, монеи кори ӯ нашуданд. Баъдан аз якеаш фаҳмидам, ки сардорашон будаст”.
Суҳробӣ гуфт, ҳудуди 40 дақиқа дар идораи пулис мондааст ва афзуд тайи ин муддат, даст, рӯй ва сараш лат хӯрдаанд.