Ҳар як ҳолати истифодаи шиканҷа бояд тафтиш шавад!

Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзўр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо аз шиканҷа, таъмин намудани ҷубронпуливу офиятбахшӣ ва ғайра.

Нақшаи миллӣ гузаронидани 80 чорабиниро дар самти амалигардонии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ оид ба масоили роҳ надодан ба шиканҷа пешбинӣ намудааст. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.

Инак, банди №2-и Нақшаи миллӣ: «Тафтиши ҳолатҳои истифодаи шиканҷа».

Оид ба ин банд чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:

- омўзиши таҷрибаи дигар давлатҳо ва омодасозии тавсияҳо оид ба таъсиси механизми алоҳидаи мустақили тафтиши шиканҷа;

- ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории ҶТ оид ба механизми мустақилу самараноки тафтиши шиканҷа;

- амалисозии чораҳо оид ба роҳандозии механизми тафтиши шиканҷа, бо шумули интихоб ва омодасозии кадрҳо, таҷҳизоти техникӣ ва ғайра;

- иттилоъноксозии ҷомеа оид ба далелҳои марбут ба дилхоҳ тафтиши тасдиқи истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, инчунин, қарорҳои баровардаи судӣ оид ба чунин парвандаҳо тариқи сомонаҳои интернетии мақомоти давлатӣ ва ВАО.

Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.

Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.

NoTorture.Tj