Ҳар як қурбонии шиканҷа метавонад ба ҷубронпулӣ ва офиятбахшӣ умед бандад!

Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзўр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо аз шиканҷа, таъмин намудани ҷубронпуливу офиятбахшӣ ва ғайра.

Нақшаи миллӣ гузаронидани 80 чорабиниро дар самти амалигардонии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ оид ба масоили роҳ надодан ба шиканҷа пешбинӣ намудааст. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.

Инак, банди №17-и Нақшаи миллӣ: «Ҷубронпулӣ ва офиятбахшӣ».

Оид ба ин банд чорабиниҳои зерин амалӣ гардидаанд:

- Гузаронидани таҳлили таҷрибаи судӣ дар самти ҷуброни зарари маънавӣ ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву ғайриинсонӣ.

- Шинохти Вазорати тандурустӣ ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсоз оид ба масоили офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо.

- Таъсиси системаи фарогири кумаки офиятбахшӣ ба қурбониёни шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо тавассути таҳияи барномаи мукаммал.

- Омўзонидану омода намудани кормандони иҷтимоӣ оид ба расонидани кумаки иҷтимоӣ, омўзонидану омода намудани равоншиносон, таҳияи дастурамалҳои омўзишӣ оид ба кор бо қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо.

Инчунин, бо мақсади таҳияи талаботи ягона оид ба расонидани кумаки тиббӣ ва офиятбахшии (барқароршавии) қурбониёни шиканҷа дар назди Вазорати тандурустӣ:

- омўхтани масоили маблағгузории барномаҳои офиятбахшӣ ва ҷалби манбаҳои алтернативии маблағгузорӣ, баррасии механизми ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатӣ ҳамчун манбаи захиравии таъмини барномаҳои офиятбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ки то ба қувваи қонунӣ даромадани қарори суд оид ба ҷуброни зарари моддиву маънавӣ истифода бурда мешавад;

- баррасии масъалаи ворид намудани қурбонии зўроварӣ (шиканҷа, хушунат дар оила, зўроварӣ нисбати занон, хизматчиёни ҳарбӣ) ба гуруҳҳои осебпазир бо мақсади таъмини кафолатҳо оид ба гузаронидани ташхисҳои тиббӣ ва фаро гирифтан бо барномаи офиятбахшӣ, расонидани кумаки ройгони тиббӣ, таъмини мутобиқ шудан ба ҷомеа ва ғайра;

- омода намудани кормандони тиббӣ оид ба масоили расонидани хидматгузориҳои офиятбахшӣ ба қурбониёни шиканҷа тибқи меъёрҳои миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ.

Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.

Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.

 Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.

Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.  

NoTorture.Tj