Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ба шумо мунтахаби Стандартҳои ҳадди ақал оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела пешкаш менамоем, ки ҳамасола 18-уми июл ҷашн гирифта мешавад.
Стандартҳои ҳадди ақали мазкур бояд барои мусоидат ба таъмини шароитҳои инсондӯстонаи маҳбасҳо, баланд бардоштани маълумотнокӣ дар мавриди он, ки маҳбусон қисми ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд ва эътирофи арзиши кори кормандони маҳбас ҳамчун хидмати иҷтимоии дорои аҳамияти махсус ба эътибор гирифта шаванд (17-уми декабри соли 2015 бо Қатъномаи 70/175-и Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудааст).
“Қоидаи 1: Ҳама маҳбусон бояд аз муносибати эҳтиромона нисбати шаъну шараф ва арзишашон ҳамчун шахсият истифода баранд. Ҳеҷ як маҳбус набояд мавриди шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ё ҷазо қарор гирад, ҳамаи маҳбусон бояд ҳимоя карда шаванд. Нигаҳбонӣ ва амнияти маҳбусон, кормандон, хидматрасонҳо ва меҳмонон бояд ҳамеша таъмин карда шавад”.
Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела)