Ҳимоятгарони ҳуқуқ дар Душанбе машваратҳои ройгони сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд

1-3-юми декабри соли 2025 ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (ТҶ «Дунёи ҳуқуқ», ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ») дар шаҳри Душанбе машваратҳои ройгони сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд. Ин чорабинӣ ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мешавад, бахшида шуда буд ва ҳадафи он баланд бардоштани маълумотнокии шаҳрвандон дар мавриди ҳуқуқи инсон ва механизмҳои дастраси ҳифзи онҳо буд.

Барои дарёфти машварат тақрибан 100 нафар муроҷиат карданд. Сокинони шаҳр доираи васеи масъалаҳо, аз андозбандии амвол ва тартиби шикоят аз амалҳои шахсони масъул то ҳолатҳои марбут ба зӯроварӣ, инчунин масъалаҳои хислати манзилӣ, шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ доштаро ба миён гузоштанд. Ба ҳамаи муроҷиаткардагон маълумоти тамос бо ташкилотҳои дахлдор пешниҳод карда шуд, то дар ҳолатҳои зарурӣ тавонанд ҳуҷҷатҳоро фиристонанд ва пас аз баррасии онҳо ёрии ҳуқуқии иловагӣ гиранд.

Баҳри муаррифии бештари Эътилоф ба иштирокдорон туҳфаҳои рамзӣ бо логотипи он тақдим карда шуданд. Чорабинӣ бо дастгирии Фонди Зигрид Раузинг ва IPHR баргузор гардид.

Маълумот: Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамасола 10-уми декабр ба муносибати қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар соли 1948 қайд карда мешавад. Ин ҳуҷҷат бори аввал ҳуқуқ ва озодиҳои асосиеро, ки бояд дар ҳама ҷо ҳифз карда шаванд, муқаррар намуд. Мавзуи соли 2025: "Ҳуқуқи инсон - қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи мо".

NotortureTj