Ҳукми 13,5 соли зиндони се корманди пулиси ноҳияи Фархор

Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳукми се корманди пулиси ноҳияи Фархорро, ки дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ муттаҳам мешуданд, содир кардааст. 

Наздикони яке аз ин кормандони пулис имрӯз, 8 феврал ба “Озодагон” гуфт, додгоҳ Акрамшоҳҷони Абдулло, Саид Файзов ва Меҳроб Давлатовро, ки дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор кор мекарданд, ба муҳлати 4,5 солӣ равонаи зиндон намуд. 

Парванда алайҳи Акрамшоҳҷон, Саид ва Меҳроб бар асоси шикояти як сокини Фархор, ки иддао кард, дар пайи як баҳси хонаводагӣ кормандони пулис фарзандаш Парвиз Ҳабибовро ба идораи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия бурда, мавриди латту кӯб қарор додаанд, боз шуд. Дар шикоят гуфта мешуд, дар пайи ин латту кӯб қабурғаи Парвиз шикастааст. Аммо Акрамшоҳҷони Абдулло, яке аз се корманди милиса дар муроҷиатномае унвонии Додситонии кулл ва Додгоҳи олии Тоҷикистон изҳор дошта буд, дар латту кӯби Парвиз Ҳабибов даст надорад. 

Дар ин муроҷиатнома, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” гардид, гуфта мешуд, 29 марти 2016 дар мавриди муноқишаи оилавӣ дар хонаводаи Парвиз Ҳабибов муроҷиат шудааст. Ӯ мегӯяд, бо ду ҳамкораш дар руйхати гурӯҳи фаврӣ номнавис шуда, на аз пеши худ, балки тибқи супориши раҳбарияти ШКД-и Фархор ба манзили Ҳабибов рафтаанд. Тибқи ин муроҷиатнома, ба ҳабси пешакӣ гирифтани Акрамшоҳҷони Абдулло, Саид Файзов ва Меҳроб Давлатов баъди он сурат гирифт, ки онҳо бо супориши раҳбарият Парвиз Ҳабибовро аз хонааш гирифта, барои ҷанҷоли оилавияш ба ШКД-и ноҳия овардаанд.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки ин баҳс нахуст дар додситонии ноҳияи Фархор баррасӣ шуд ва ҷонибҳо ба созиш расиданд, аммо Ҳабибов ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурдааст. Додситонии кулл нисбат ба Акрамшоҳҷони Абдулло ва ду ҳамкораш бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ-147, қисми 2 бандҳои “а”, “б” (ғайриқонунӣ даромадан ба манзил) ва 316 қисми 3 банди “а” ( баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парванда боз намуда, баррасии онро ба уҳдаи додгоҳи вилоят вогузор кард. Ахиран, Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон се корманди собиқи пулисро муҷрим шинохта ва ҳар кадоми онҳоро барои 4,5 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст. 

Ozodagon