Ҳуқуқи инсон: Ду ҳолати намоёни шиканҷа - аз нахустин ҳукми айбдорӣ то қазияи пурсарусадо

Даҳ сол қабл, яъне соли 2012 ба хотири эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ба хотири он, ки Тоҷикистон бисёр санадҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсонро пазируфтааст, ба Кодекси ҷиноятии ҶТ моддаи 143, эзоҳи 1 (“шиканҷа”) ворид карда шуд. Соли 2019 бошад, вакилони мардумӣ дар Тоҷикистон ҷазо барои бадрафторӣ ва шиканҷа ба муттаҳамон барои ҷиноятро сахттар карданд. Баъди ислоҳи Кодекси ҷиноятӣ, онҳоеро, ки даст ба шиканҷа мезананд, аз 2 то 15 соли зиндон интизор аст.

Бояд гуфт, ки баъди ворид гардидани моддаи «шиканҷа» ба қонунгузории кишвар таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи инсон дар самти озодӣ аз шиканҷа бештар шуд. Соли 2012 дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бори нахуст собиқ нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ба истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ муттаҳам дониста шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муваззаф шуд, ки ба хонаводаи сокини ноҳияи Ёвон, ки аз сӯи кормандони полис мавриди озор қарор гирифта буд, маблағи ҳангуфт (қариб 60 ҳазор доллар) пардохт намояд. Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори худ дар бораи пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ ба хонаводаи Хушвақт Қаюмовро ба ихтиёри Вазорати корҳои дохилӣ гузошт.

Бояд гуфт, ки наврас Хушвақт Қаюмов моҳи апрели соли 2012 аз тарафи корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон мавриди озор қарор гирифта, кӯшиши худкушӣ карда буд. Он замон ӯро наҷот дода буданд, аммо пас аз чанд вақт дар беморхона даргузашт. Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи ҷабрдида - сокини деҳаи Қулободи Ёвон  гуфт, ки Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аризаи онҳо оид ба пардохти 300 ҳазор сомонӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ба хонаводаи Хушвақт барои зарари маънавиро баррасӣ кард ва барои пардохти он як нусхаи ҳалномаи худро ба Вазорати корҳои дохилӣ ирсол намуд.

Бояд гуфт, ки Машраф Алиев, корманди милисаи шуъбаи корҳои дохилии Ёвон бо гумони дуздӣ Хушвақт Қаюмовро боздошт карда, мавриди таҳқиру озор қарор дода буд, ки дар натиҷа рӯзи 29-уми апрели соли 2012 ин ноболиғ дар каҳдони ҳавлиашон худро ба дор овехт ва дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ гардиду баъдан фавтид.

Дар иртибот ба ин қазия Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Машраф Алиев тибқи моддаҳои 143, эзоҳи 1 (шиканҷа), 109 (ба худкушӣ расонидани ноболиғ) ва 316 (баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Баъдтар дар моҳи сентябри ҳамон сол Суди ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро ба 7 соли зиндон маҳкум кард ва бар иловаи он, ӯро барои се соли дигар аз ҳуқуқи кор дар мақомоти давлатӣ маҳрум сохт.

Парвандаи корманди милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки Хушвақти ноболиғро мавриди таҳқиру озор қарор додааст, яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар расонаҳои кишвар маҳсуб мешуд, ки аз тарафи марказҳои ҳуқуқии Тоҷикистон то замони маҳкумияти корманди милиса таҳти назорат ва таваҷҷуҳ қарор дошт.

Ҳолати дигари пусарусадо қазияи шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров аст, ки баррасиаш муддати тӯлонӣ идома дошт. Суди Олии Тоҷикистон рӯзи 17-уми июни соли 2021 ба баррасии парвандаи пурсарусадои шикаҷаи сокини Турсунзода Ҳасан Ёдгоров билохира нуқта гузошт ва се афсари милитсияро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - 316 (берун рафтан аз ҳадди ваколати мансабӣ), 323 (сохтакории хидматӣ) ва 143, эзоҳи 1 (шиканҷа) гунаҳкор шинохта, ба муҳлати 10, 12 ва 13 сол равонаи зиндон кард. Суди Олӣ Шералӣ Азизов, сарваколатдори шуъбачаи милитсияи Пахтаободро ба 13 соли зиндон, Саъдӣ  Давлатмуродзода, сарваколатдори бахши кофтукови ҷиноятии ШВКД шаҳри Турсунзодаро ба 12 соли зиндон ва Эраҷ Наимов, сарваколатдор оид ба парвандаҳои хеле муҳими раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистонро ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Аз замони дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон илова шудани моддаи махсуси шиканҷа ин шадидтарин ҷазоест, ки судҳои Тоҷикистон бо ҷурми шиканҷа содир мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоров моҳи ноябри соли 2017 бо гумони даст доштан дар қатли пешхидмати як тарабхона дар шаҳри Турсунзода Дмитрий Каримов дастгир шуда, то моҳи майи соли 2018 ним солро пушти панҷара сипарӣ кард. Ӯро танҳо баъди ёфт шудани қотили воқеии Дмитрий Каримов аз ҳабс ҷавоб доданд. Вале вақте ки дар боздошт буд, Ҳасан Ёдгоров ба шиканҷаи кормандони милитсия тоб наоварда, куштани пешхидматро ба гардан гирифт. Гузориш дар бораи чӣ гуна Дмитрий Каримовро куштани Ҳасан Ёдгоров бо эътирофи ӯ дар поёни соли 2017 ҳатто дар телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш шуда буд.

Баъди боздошти қотили воқеӣ ва озод шуданаш, Ҳасан Ёдгоров ба ҳомиёни ҳуқуқ ва мақомоти расмӣ муроҷиат кард ва хостори ба ҷавобгарӣ кашонидани онҳое шуд, ки ӯро шиканҷа доданд.

Мақомот ба зидди ин се афсари милитсия ҳанӯз дар соли 2018 парванда кушоданд, вале тафтиши пешакӣ ва баррасии додгоҳии ин парванда дар умум беш аз 3 сол тӯл кашид. Парванда бори аввал ҳанӯз моҳи августи соли 2019 ба Суди Олӣ супурда шуд, вале Суди Олӣ моҳи январи соли 2020 онро барои тафтиши дубора баргардонд.

Муҳокимаи дубораи парвандаи пурсарусадои шиканҷа дар Суди Олӣ моҳи марти соли 2021 аз сар гирифта шуд ва ин дафъа бо ҳукмҳои сангин нисбат ба афсарони гунаҳкор дар бадрафторӣ нисбат ба Ҳасан Ёдгоров анҷом ёфт.

NoTorture.Tj