Қиссаи Парвиз Дустматов

Парвизи 18-сола орзу дошт, ки курсанти Академияи ВКД Тоҷикистон шавад ва дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мактаби миёнаро хатм кард. Ҷавонак қадаки на он қадар баланд дошт ва барои амалӣ гаштани орзуяш чанд сантиметр намерасид.

«Эҳ, модар, ман ба хизмат меравам. Ана, мебинӣ, ду сол зуд мегузарад, вале шояд дар ин муддат «соҳиби қади баланд» мешавам ва аз нав кўшиши дохил шудан ба Академия мекунам!»,- гуфт Парвиз ба модараш. Модар ба ў муқобил набаромад, чун тасмими писарашро дуруст шуморид. 

Модари ў, гўё ҳамин рўз бошад, он рўз - 1-уми октябри соли 2013-ро, ки Парвизро ҳама аҳли оилаву ҳамсояҳо ба хизмат гусел карданд, дар ёд дорад. Ҳамсояҳои калонсолтар ба роҳи ў дуои фотиҳа хонданд, сиҳату саломат баргаштанашро таманно карданд. Ҳамин тавр, ҷавонак бе даъватнома, ихтиёрӣ дар комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд.

Зиёда аз як сол ў дар қисми ҳарбӣ дар Қўрғонтеппа хизмат кард, ду маротиба ба хонаашон рухсатӣ омад. Ва албатта, ба камол расид, қадаш дароз шуд, қавӣ гардид! Бо худ зиёд аксҳои давраи хизматиашро овард. Ана, ў дар иҳотаи бачаҳои ҳамхизматаш, ана, дар ҷое пайи омўзиш, яроқ дар даст, тамоман баркамол!

Баъд ўро ба сарҳад, мавзеи баъди водии Вахш хунук, Дарвози дур гузарониданд. Шояд таъсири тағйири иқлим буд, ки сахт шамол хўрд, дар беморхона хобид. Модар шабҳои бехобиро аз фикри саломатии фарзанд дигар тоқат накарда, ба роҳ баромад. Ин моҳи марти соли 2015 буд. Бо душворӣ қисми ҳарбиеро, ки Парвиз хизмат мекард, ёфт. Ўро дид ва қалбаш андаке ором гирифт. Агар он вақт медонист, ки ин охирин мулоқот бо писараш аст, шояд ўро раҳо намекард…

Баҳор гузашту тобистон омад. Ҳама кори Парвиз муътадил буд. Ў аллакай одат карда ва то баромадани фармонаш дар бораи анҷоми хизмати ҳарбӣ танҳо се моҳи дигар монда буд. Саҳари барвақти 13-уми июли соли 2015 аҳли сарбозхона (казарма) дар хоб буданд. Чӣ хобҳое дид Парвиз дар он субҳгоҳи тобистона? Шояд хоб дид, ки акнун, баъди анҷоми хизмат ба хона бармегардаду падару модарашро ба оғўш мегирад, бўйи деҳаи азиз ва кўлчаҳои беҳад бомаззаи хонагиеро, ки модар махсус ба хотири бозгашти ў пўхтааст, ба димоғ мекашад? Ё шояд хоб дид, ки чи тавр ў - курсанти нави Академияи ВКД-ро шахсан худи сардори Академия бо оғози хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ табрик мегўяд…

Хобҳои рангин ногаҳонӣ бурида шуданд - назди гўши ў ҳамхизматаш Фаррух Бозоров паст шуд ва бо тамоми қувват фарёд зад: «Бархез!!!». Парвиз дар ҳоли хоболудӣ рўи ҷойхоб қариб ки ҷаҳида хест ва талаб намуд, то фарёд назанад. Ҳамин вақт Фаррух зуд аз сарбозхона берун рафт. «Худоро шукр, ором шуд»,- фикр кард Парвиз ва чашмони хоболудашро пўшид, чун ҳоло то вақти бархостан чанд дақиқаи дигар буд. Аммо ҳамон замон ҳамхизматаш баргашт ва бо тамоми қувва корди ошхонагиро ба дили Парвиз зад…

… Баъд, аллакай дар суд ў қасам хоҳад хўрд, ки намехост Парвизро ба қатл расонад, ҳатто ҳис накард, ки чи тавр оташин барои корд рафт… Аммо барои мо ин ҳодисаи ваҳшиёна бе гуфтугузор нишонаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар ин қисми низомӣ аст, ки на ёрдамчии навбатдор, на навбатдори қисм, на нозири низом - касе рафтори аскарҳоро, ҳатто агар аз нигоҳи хизмат баробар ҳам бошанд, назорат накард ва ин охиру оқибат ба куштор оварда расонд.

Ба гуфтаи модари Парвиз - Мукаррама Дустматова, писари ў қариб якуним соати дигар зинда буд ва дар ин муддат метавонистанд ўро наҷот диҳанд.

Тавре Шоҳин Ҳафизов - командири қисми низомии Вазорати мудофиа дар Сағирдашт ба ВАО изҳор доштааст, аз сабаби набудани чархбол онҳо натавонистаанд Парвизро сари вақт ба дармонгоҳи ҳарбии пойтахт фиристонанд. Сарбоз ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шуд, аммо онҷо шароит ва таҷҳизоти тиббии зарурӣ дарёфт нашуд. Дили ў аз тапидан бозмонд.

Ана ҳамин тавр, ба ин оила ғайри интизор бадбахтӣ омад. Рўзи гарми моҳи июл дар ҷамоати Хистеварз назди дарвозаи хона мошини Вазорати мудофиа қарор гирифт ва ҷасади Парвизи 20-соларо бо чунин суханҳо ба волидони бадбахт супориданд: «Ҳама чиз дар дасти Аллоҳ таъолост».

 «Охир, то «дембел» шуданаш 80 рўзи дигар монда буд. Ман писарро калон кардам, ў ихтиёрӣ барои адои қарзи Ватан рафт, вале Ватан дар иваз ба ман ҷисми беҷони ўро баргардонд. Баъди ин чи тавр метавон ба давлат бовар кард? Чи тавр мешавад фарзандонро ба артиш дод?»,- мегўяд Мукаррама Дустматова.

Ба гуфтаи мавсуф, баъди гўручўб ў дубора ба Сағирдашт рафтааст, аммо касе посухи мушаххас надодааст, ки он субҳи даҳшатнок чи ҳодиса рух додааст ва умуман, чи тавр метавонист чунин воқеа ба вуқуъ пайвандад?

«Ман натиҷаҳои аввалияи ташхиси судӣ-тиббиро дидам, аммо дар суд хулосаҳо аллакай дигар буданд. Мо ҳуқуқҳои худро намедонистем, ба вакили мудофеъ дер муроҷиат кардем, вале ба ҳар ҳол, Фаррух Бозоров аз ҷониби суд ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Аммо аз ин ба мо чӣ фоида??? Писари моро касе баргардонида наметавонад»,- мегўяд бо дард модари Парвиз.

 

Мо бо ў дар ҳавлии хонаашон суҳбат кардем. Назди сўфа ҳамон аксҳои аскарии Парвиз, хеле аксҳои зиёд. Модар ҳар кадомеро ба даст мегираду синча мекунад ва рўи рухсораҳояш ашк мешорад. Ашки талхи модарӣ. Чи сухани тасаллиомезе ёфтан мумкин аст дар ин лаҳзаҳо? Шахсан, нафаси ман дар гулўям банд шуд, ҳарфе гуфта натавонистам. Хомўш мондем…

- Ҳу ана, он хонаи навро мебинед? Он бояд хонаи Парвиз ва ҳамсари ояндааш мебуд. Мехостем ин тобистон оиладораш кунем, аммо ба ҷои ин, сари солашро мегузаронем.

Ин хона бояд барои писари ў армуғон мебуд. Аниқтараш, хона аллакай барвақт дар ҳамин ҷо, назди манзили волидон, дар як ҳавлӣ сохта шуда буд. Аммо таъмирашро чанде қабл аз марги Парвиз анҷом дода, ҳуҷраҳояшро азнавсозӣ карда буданд.

- Даромада дидан мумкин аст?,- мепурсам аз амаки Парвиз, ки ҳамроҳи мо менишаст.

- Бале, албатта. Ана меҳмонхона, инаш хонаи хоб, ин ҳуҷра бояд барои кўдакҳои ояндаи ў ҳуҷраи кўдакона мешуд. Он ҷо бошад, ошхона ва ҳаммом. Бубинед, бо чи муҳаббате ҳама чиз омода, ҳама майда-чўйда ба назар гирифта шуда буд.

Воқеан, ҳуҷраҳои барҳаво ва бароҳат, ҷиҳози зебо ва асбобҳои маишии зарурӣ - бо чизе аз ҳуҷраҳои зебосохти пойтахт фарқ намекунад.

- Медонед, вақте Парвиз охирин бор ба хона омад, дид, ки чи хел наздикон оҳиста-оҳиста ба тўйи дар пеш истодаи ў тайёрӣ мебинанд ва бо шўхӣ аз бобояш пурсид: «Барои ман арўс ҳам ёфтед?».

Дили бобои бечора бардошт накард. Ў баъди се моҳи марги набераи дўстдоштааш вафот кард. Дили модари ин сарбоз ҳам як сол боз аз дард метаркад…

NoTorture.Tj