Қиссаи Шамсиддин Зайдуллоев

Сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ронандаи таксӣ Шамсиддин Зайдуллоев моҳи апрели соли 2015 бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт шуд. Баъди чанд рўзи нигаҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовар ў аз дунё гузашт. Пайвандони ҷавон мегўянд, ки марги ў дар натиҷаи латукўб ва шиканҷа фаро расидааст.

Ба гуфтаи модари қурбонии шиканҷа Тоҷинисо Каримова, писари ў Шамсиддин ба интиқоли инфиродии мусофирон машғул буд. 8-уми апрели соли 2015, тахминан соати 18, вақте ки ҷавон дар кор буд, ба наздаш се нафари ношиноси либоси мулкӣ ба бар омаданд (баъдан ў номи онҳоро дониста гирифт - Зафар, Умед ва Фирдавс), бо ў ба мошин нишастанд ва бидуни муаррифии худ, ба дастонаш завлона заданд, ба баданаш бо даст кўфтанд. Баъди ин ҳамсояҳо давида омаданд ва ба ҷанҷол ҳамроҳ шуданд. 

Дар ҳамин вақт роҳгузари ғайри интизоре ҳам ба баҳс ҳамроҳ шудаву аз шахсони ношинос мепурсид, ки онҳо кистанд ва чаро одамро мезананд, аз ў ба онҳо чӣ даркор аст. Аммо онҳо ба ў эътибор надоданд. Ҳар се зери фишори ҷомеа латукўби Шамсиддинро қатъ карданд ва завлонаро аз дастонаш кушоданд. Баъд падару модари Шамсиддин расида омаданд ва ҳамроҳ бо ҳамсояҳо ўро ба хона бурданд.

Ҳамон бегоҳ, 8-уми апрел, тахминан соати 20 ба хонаи Зайдуллоевҳо кормандони АНМН бо се мошини сабукрав омаданд. Ин навбат онҳо худро муаррифӣ карданд ва миёнашон нафарони бо номи Зафар, Умед ва Фирдавс, ки пештар нисбати Шамсиддин аз зўрӣ истифода бурданд, буданд.

Кормандони АНМН аз Шамсиддин талаб карданд, то ҳамроҳашон равад, бо изҳори ин, ки дар бораи шарик будани ў дар ҷиноят тамоми далелҳоро дар даст доранд, аммо кадом ҷиноят, маълумоти дақиқ надоданд. Ба гуфтаи модар, дар ҳар ду ҳолат ҳам онҳо ягон ҳуҷҷати мурофиавӣ пешниҳод накардаанд. Дар ниҳоят, Шамсиддинро ба АНМН бурданд.

Рўзи дигар, 9-уми апрел модари Шамсиддин дар бинои АНМН бо писараш мулоқот дошт. «Вақте ман сари писарамро сила кардам, ў ногаҳон гуфт, ки аз пушт ҷароҳат дорад ва он дард мекунад. Ман оҳиста пурсидам, ки магар ин ҷо ўро латукўб кардаанд? Дар ҷавоб бо нишони тасдиқ сар ҷунбонд»,- нақл мекунад зан.

«Ман гаштаву баргашта ба писарам такрор мекардам: «Агар дар коре ганаҳкор бошӣ, қоил шав, дар колонияи ислоҳотӣ будан беҳтар аз он аст, ки ин ҷо латукўб шавӣ». Вай посух дод: «Модар, ман ронандаи оддиям, куҷое мизоҷ гўяд, ба ҳамрон ҷо мебарамаш. Ман дар ягон кор гунаҳкор нестам». Аммо баъдтар мо фаҳмидем, ки чанд рўз қабл аз ин яке аз мизоҷони дар мошинаш нишаста «шартнома»-и маводи нашъаовар доштааст. Вале барои чӣ писари ман ҷонашро қурбон кард?»,- меафзояд Тоҷинисо Каримова.

10-уми апрел, вақте ки ў боз ба АНМН барои дидани писараш омад, муфаттиш дар ҷояш набуд. Рўзи дигар, 11-уми апрел, боз мулоқоти ўро бо писараш рад карданд. Ҳамон бегоҳ Шамсиддин бо телефони муфаттиши АНМН ба модараш занг зада, хабар дод, ки барои ў адвокат лозим аст, зеро имрўз дар суд нисбаташ бо ҷурми гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар чораи пешгирикунанда дар намуди ҳабс муқаррар кардаанд.

Волидони қурбонии эҳтимолии шиканҷа бо адвокат рўзи 12-уми апрел хостанд Шамсиддинро бубинанд, аммо бо муфаттиш дар тамос шуда натавонистанд. Саҳари барвақти 13-уми апрел, тахминан соати 06:30 волидон ба бинои АНМН рафтанд, то ба писарашон хўрокворӣ расонанд, аммо дар ҳамин вақт ба падари Шамсиддин ҷиянаш занг зада, хабар дод, ки ў даргузаштааст. Волидон дарзамон ба даромадгоҳи НН АНМН шитофтанд ва зан талаб кард, ки писарашро нишон диҳанд. Яке аз кормандони АНМН хабар дод, ки Шамсиддин зинда аст ва дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии таббӣ қарор дорад. Волидон ҳамон замон ба он ҷо рафтанд, аммо дар бинои 5-ум ба онҳо гуфтанд, ки писарашон нест ва бояд ба бинои 15-ум (сардхона) раванд. Дар роҳ ба бинои мазкур ба модари Шамсиддин хешаш занг зада, хабар дод, ки ҷасади писараш дар сардхонаи ВКД (дар ҳудуди Шаҳраки тиббӣ) аст. Баъд онҳо ба он ҷо рафтанд ва ҷасади писарашонро шинохтанд. Ба гуфтаи онҳо, бадани ў пур аз доғ ва хунрезиҳо буд. Бо пойфишории модар азназаргузаронии ҷасад сурат гирифт. Инчунин, модар шарҳ дод, ки писари ў дар ҳаёташ бемории ҷиддие надошт ва маводи нашъаовар истифода намекард. Ў боварӣ дорад, ки писараш дар натиҷаи муносибати бераҳмонаи кормандони АНМН фавтидааст.

Ба гуфтаи адвокат Саймумин Кабиров, ки хизматрасониаш аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таъмин карда мешавад, ташхиси судӣ-тиббӣ муайян намудааст, ки Зайдуллоев Ш. бар асари пневмонияи дутарафа ба ҳалокат расидааст. Аммо волидони Шамсиддин ба ин хулоса розӣ нашуда, талаб кардаанд, ки ташхиси судӣ-тиббии комиссионӣ гузаронида шавад. «Ба гуфтаи наздикон ва ҳамкорон, ў аз вазъи саломатиаш шикоят надошт. Гузашта аз ин, дар ў ягон нишонаи пневмония дида намешуд»,- қайд мекунад адвокат. Бар замми ин, чанд соат пеш аз вафоташ, табибони «Ёрии таъҷилӣ»-е, ки ўро кормандони АНМН ба он ҷо бурда буданд, ягон хел нишонаи пневмонияро муайян накарданд. Ҳангоми ба АНМН бурдан низ Ш. Зайдуллоев аз ҷониби табибони қисми тиббии Агентӣ муоина карда шуд ва солим будани ўро зикр намуданд, ки дар ин бора сабти ҷавобгў вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ў, 14-уми майи соли 2015 аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ ташхиси судӣ-тиббии комиссионӣ таъин карда шуд, ки ба он намояндагони Маркази ташхиси судӣ-тиббии ҷумҳуриявӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шомил гардиданд. «27-уми май бо ҳузури ман эксгуматсияи ҷасади Зайдуллоев Шамсиддин гузаронида шуд. Мувофиқи хулосаҳои ташхиси судӣ-тиббии комиссионӣ, ки аз ҷониби Маркази ташхиси судӣ-тиббии ҷумҳуриявӣ 3-юми августи соли 2015 гузаронида шуд, марги Зайдуллоев Ш. метавонист аз зарари вазнини ҷисмонӣ фаро расад: дар ў 4-5 қабурғаи шикаста аз тарафи чапи қафаси сина ва ҷароҳати пўшидаи косахонаи сар аз қисми пушт муайян карда шуд. Ин аз расонидани зарараи вазнини ҷисмонӣ дар тавқифгоҳи муваққатии АНМН аз ҷониби кормандони ниҳоди мазкур шаҳодат медиҳад, зеро ҳангоми интиқол ба тавқифгоҳи муваққатии АНМН Зайдуллоев аз муоина гузашта, сиҳат баромад ва аз чизе шикоят надошт»,- гуфт Кабиров.

Дар ҳамин ҳол, АНМН даст доштани кормандони худро дар марги боздоштшуда Ш. Зайдуллоев рад кард. Дар посухи расмии ин ниҳод гуфта мешавад, ки «12-уми апрел, тахминан соати 14 ҳолати Зайдуллоев Шамсиддин, ки барои фурўши маводи нашъаовар аз ҷониби кормандони Агентӣ боздошт шудаву ҳамон вақт дар тавқифгоҳи муваққатии АНМН нигаҳдорӣ мешуд, нохуб гардид: ба баданаш ларза афтод. Навбатдорони Агентӣ «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват карданд, ки баъди 20 дақиқа расида омад. Боздоштшударо муоина карда, қайд намуданд, ки ў қаблан маводи нашъаовар истеъмол мекардааст, ки дар натиҷа ба «ломка» афтод ва тавсия доданд, то ўро ба диспансери наркологӣ бубаранд.

Боздоштшударо ба Диспансери наркологии ҷумҳуриявӣ бурданд, ки дар он ҷо ба ў ёрии зурурии тиббӣ расонида шуд. Зайдуллоев ду соат зери капелнитса қарор дошт. Баъд боздоштшударо барои идомаи муоина ба истгоҳи «Ёрии таъҷилӣ» бурданд. Дар истгоҳи «Ёрии таъҷилӣ» бемор Зайдуллоев пурра муоина карда шуд. Аз ҷониби табибон бемории шадид ташхис гардида ва барои гузаронидани эзогастроскопия тавсия дода шуд, аммо Зайдуллоев ин амалиётро тамоман рад карда, ҳатто дар ин бора забонхат навишт. Тахминан соати 23:15 ўро боз ба Агентӣ оварданд, ки он ҷо ў то субҳ дар камера буд. Тамоми ин муддат навбатдорони Агентӣ ва нозирони тавқифгоҳи муваққатӣ бевосита дар назди дари камераи ў қарор доштанд ва ҳолаташро назорат мекарданд.

Қариб соати 5-и субҳ нозири тавқифгоҳи муваққатӣ ба қисми навбатдорӣ хабар дод, ки вазъи боздоштшуда Зайдуллоев Ш. ногаҳон бад шудааст. Навбатдор фавран «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват намуд, ки ҳозир шуда, «марг аз камбуди дил»-ро қайд кард.

Дар бораи ин ҳодиса мақомоти прокуратура ва корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ фавран хабардор карда шуданд. Кормандони прокуратура ҳамроҳ бо ташхисгари судӣ-тиббӣ ҷасадро аз назар гузаронида, протоколи муносиб тартиб доданд. Дар он зикр шудааст, ки «нишонаҳои зоҳирии марги маҷбурӣ дарёфт нашуд». Ва бо ҳамин далели муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони АНМН аз байн рафт.

Ба ғайр аз ин, дар ҳамаи биноҳои Агентӣ, аз он ҷумла дар ҳар ду ошёнаи тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд, ки бо кўмаки онҳо назорати шабонарўзии ҳамаи ҳодисаҳои дар АНМН рухмедода пеш бурда мешавад. 

Дар рафти тафтишот Зайдуллоев нишондод дод, ки тахминан аз моҳи декабри соли 2013 ба истеъмоли героин оғоз кардааст. Модари Зайдуллоев зикр намуд, ки тахминан якуним сол пеш писари ў дар Диспансери наркологии ҷумҳуриявӣ барои вобастагӣ аз героин табобат гирифтааст».

Ба дархости Мамараҷаб Одинаев - адвокати волидайни ҷавони марҳум аз Маркази клиникии наркологии ҷумҳуриявии ба номи М. Ғ. Ғуломов аз 4-уми май ҷавоб омадааст, ки Шамсиддин Зайдуллоев дар қайди диспансери наркологӣ 9-уми апрели соли 2015 будааст. «Яъне, дар асл, ў ба қайди муассисаи мазкур рўзи дуюми баъди боздошташ аз ҷониби кормандони АНМН гузошта шудааст. Аз ин бармеояд, ки ў пештар дар қайди МКНҶ набуд»,- мегўяд адвокат.

Прокуратураи генералӣ нисбати қазияи марги Шамсиддин Зайдуллоев тибқи талаботи қисми 3, моддаи 143 прим 1 (шиканҷа) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Аммо 23-юми декабри соли 2015 муфаттиши Прокуратураи генералӣ дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди марги Зайдуллоев Ш. бинобар сабаби мавҷуд набудани нишонаи ҷиноят, ки аз ҷониби модари ҷавон шикоят шуда буд, қарор баровард. Дар ҳамин ҳол, ба ў гуфтанд, ки метавонад аз болои ин қарор ба мақомоти дигар шикоят барад. Ҳамин тавр, шикояти Т. Каримова дар бораи ғайриқонунӣ қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати қазияи марги писараш ба Суди ноҳияи Сино супорида шуд. Аз моҳи апрели соли 2016 адвокат С. Кабиров чандин маротиба бо дархости оғоз кардани баррасии шикояти Каримова Т. ба суд муроҷиат намуд, аммо суд бо асоси он, ки Прокуратураи генералӣ маводҳои парвандаи ҷиноятиро пешниҳод намекунад, баррасии шикоятро кашол дод. Танҳо 18-уми октябри соли 2016 Суди ноҳияи Сино шикояти Т. Каримоваро дар бораи ғайриқонунӣ қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати қазияи марги писараш қонеъ намуд ва мурофиаи судиро ба рўзи 27-уми октябр таъин кард.

«Писари маро акнун баргардонида намешавад, вале мехоҳам як чизро гўям. Фарзандони мо касе, ки набошанд - дузд, ғоратгар, муътод, барои модаронашон онҳо ҳамеша кўдакони дўстдоштанӣ боқӣ мемонанд. Ягон кас ҳуқуқ надорад онҳоро латукўб кунад. Барои ҷинояте, ки инсон содир мекунад, қонун ҷазо пешбинӣ кардааст ва бо ислоҳи гуноҳи худ назди ҷомеа, ў боз миёни ҷамъият, ба назди оила, фарзандонаш бармегардад»,- мегўяд модари Шамсиддин.

NoTorture.Tj