Қиссаи Уктамҷон Игамов

Сокини 27-солаи Турсунзода Уктамҷон Игамов рӯзи 2-юми июн дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд эҳтимолан бар асари муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даргузашт.

Ӯ 19-уми майи соли 2016 бо айби содир кардани ҷинояти хусусияти экстремистӣ дошта боздошт гардида буд. Номбурда 28-уми май аз тавқифгоҳи муваққатии КДАМ-и вилояти Суғд ба СИЗО-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, вале рӯзи 2-юми июн дар ҳолати беҳушӣ ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятӣ интиқол ёфта, дар он ҷо соати 15:40 аз дунё чашм пӯшид.

Ба гуфтаи табибон, сабаби марги ӯ хунравӣ дар сурхрӯда ва аз кор мондани ҷигар будааст.

Уктамҷон Игамов аз бемории гепатити В бо гузариш ба сиррози ҷигар ранҷ мебурд ва ба истифодаи доруворию хӯроки парҳезии махсус ниёз дошт. Аммо бо ёрии тиббии зарурӣ таъмин карда нашуд. Рӯзњои охир ӯ дар ҳолати хеле вазнин қарор дошт: базӯр роҳ мерафт, пойи росташ пур аз омос буд

NoTorture.Tj