Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
3-юми апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “HAYAT REGENCY DUSHANBE” конфронси “Рушди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад, ки ба ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Конфронс аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ), Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ташкил карда шудааст.
Ҳадафи асосии Конфронс табодули иттилоот миёни шарикон дар доираи татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва баррасии самтҳои афзалиятноки минбаъдаву ҳамкориҳои амалӣ дар самти ислоҳоти системаи пенитенсиарии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ба чорабинӣ тавассути ZOOM - URL ба таври онлайнӣ ҳамроҳ шаванд.