Қонун кадом кафолатҳои ҳимоя аз шиканҷаро пешбинӣ кардааст?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Қонун кадом кафолатҳои ҳимоя аз шиканҷаро пешбинӣ кардааст?

ПОСУХ: Манъи шиканҷа дар қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ муқаррар гардидааст, аз ҷумла:

  • Конститутсияи ҶТ, м. 18 - ҳеҷ кас набояд ба шиканҷа, муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ё ҷазо гирифтор карда шавад.
  • Кодекси ҷиноятии ҶТ, м. 143¹ - ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати шахсони ваколатдор барои истифодаи шиканҷа.
  • Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, м. 10 - ҳифзи шаъну шарафи шахсият, манъи зӯроварӣ ва муносибати пастзананда.
  • КМҶ ҶТ, м. 88, қ. 1 - далелҳои бо роҳи шиканҷа, зӯроварӣ, таҳдид ё дигар усулҳои ғайриқонунӣ ба даст овардашуда ғайри қобили қабул ҳисобида мешаванд.
  • Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ, м. 2 - манъи мутлақи шиканҷа.
  • Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, м. 7 - манъи шиканҷа ва муностбати бераҳмона ва ғайра.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj