Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф

Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ 10-уми декабри соли 1984 қабул шудааст. Ин ба анҷомёбии раванди кодификатсия оид ба масъалаи барҳам додани таҷрибаи шиканҷа мусоидат намуд.

Мутобиқи муқаррароти ин санад мақоми нозир - Кумитаи зидди шиканҷа таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он назорати риоя ва иҷрои Конвенсия аз ҷониби ҳамаи давлатҳои узв мебошад. Конвенсия 26-уми июни соли 1987 баъди ба тасвиб расидан аз ҷониби бист кишвар эътибор пайдо кард. Ҷаласаи якуми кумита моҳи апрели соли 1988 дар Женева баргузор гардид.

Он чӣ тавр одамонро ҳимоя мекунад?

Конвенсия манъи пурраи шиканҷа ва дигар муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шарафро муқаррар мекунад. Давлатҳои узви Конвенсияи зидди шиканҷа уҳдадор шудаанд, ки дар ҳолатҳои зерин шиканҷаро пешгирӣ намоянд:

- баргардонидан, ихроҷ ё истирдоди шахсоне, ки агар дар кишвари дигар мавриди шиканҷа қарор гирифтанашон эҳтимол дошта бошад;

- ҳабс, боздошт ва нигоҳдорӣ дар ҳабси пешакӣ;

- бозпурсӣ;

- омӯзиш додани неруҳои шаҳрвандӣ ва пулиси низомӣ, кормандони соҳаи тиб, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони дигаре, ки дар ҳабс, боздошт ва бозпурсиҳо иштирок мекунанд.

NotortureTj