Кумаки вазир барои пайванди гурдаи Эмомиддин (ВИДЕО)

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, барои пайванди гурдаи Эмомиддин Холов – сарбози пешини нерӯҳои марзбонии кишвар – аз ҳисоби худаш 20 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Насриддин Холов, бародари Эмомиддин, 4 июл ба Озодӣ гуфт, "понздаҳ ҳазори ин ёрӣ дар шакли нақд ва панҷ ҳазори дигараш дар вақти ҷарроҳӣ ба шакли дору дода хоҳад шуд."

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи шанбеи гузашта дар суҳбат бо бародар ва модари Эмомиддин гуфтааст, маблағи ҷарроҳии ӯро, ки ҳангоми хидмат дучори хуруҷи бемории гурда шудааст, бояд масъулони қисми ҳарбӣ пардозанд. Насриддин Холов мегӯяд, ҳамроҳи модараш ба назди сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонии кишвар низ рафта, ин масъаларо бо вай дар миён хоҳанд гузошт.

Эмомиддин Холов ҳоло мунтазири амалиёти ҷарроҳист ва, қарор аст, пизишкон як гурдаи модарашро ба ӯ пайванд кунанд. Ин ҷавони 22-сола барои ҷарроҳӣ ва табобаташ дар маҷмуъ ба 100 ҳазор сомонӣ ниёз дорад, аммо пизишкон мегӯянд, дар қадами аввал барои пайванди гурдааш 48 ҳазор сомонӣ зарур аст. Дар баробари ёрии вазири тандурустӣ афроди саховатпеша ва наздиконаш низ ба Эмомиддин Холов кумак кардаанд.

Наҷафмоҳ Шоева, модари Эмомиддин, гуфт, баъди чоп шудани вазъи писараш дар расонаҳо 20 ҳазор сомонии дигар ба даст омадааст. Ин модари 60-сола мегӯяд, вай ҳам мисли фарзандаш дар беморхона бояд бистарӣ бошад ва ба амалиёти ҷарроҳии гурда омода шавад, вале бинобар набудани маблағ дар хонааш мунтазир нишастааст.

Эмомиддин Холов, сокини деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт, моҳи майи соли 2015 ба хотири табобати гурдаҳои бемораш ба пойтахт омад, вале кормандони комиссариати ҳарбӣ ӯро дастгир карда ба артиш бурданд. Хизмати ӯ дар қисми низомӣ дар Хоруғ 12 рӯз идома кард ва баъди хуруҷи бемории гурдаҳояш ӯро аз артиш ҷавоб доданд. Ҳоло ҳарду гурдаи ӯ аз кор мондаанд ва Эмомиддин бо диализ зинда аст, чизе ки нақши гурдаро иҷро мекунад.

Холаи Наҷафмоҳ мегӯяд, ду сол мунтазир буданд, доноре барои фарзандаш пайдо мешавад, вале ин тавр нашуд: “Рафтем дар беморхона анализ супоридем, хун супоридем томография кардем, гурдаи мо мувофиқат мекардааст ва ҳоло интизорем. Фарзандам аст ва маҷбурам гурдаамро ба вай диҳам. Давлат ба артиш бурд, лекин ҳеч ёрӣ накардаанд.”

Хонаводаи Эмомиддин бузург буда, 9 бародару хоҳар ҳастанд ва зиндагии фақирона доранд. Холаи Наҷафмоҳ аз набудани маблағ ва аз тарафи дигар аз гаронии нархи дору шикоят мекунад.

Қазияи Эмомиддини бемор ва ба сафи артиш кашида шудани ӯ, яке аз мавзӯъҳои доғ дар матбуоти Тоҷикистон шуд. Баъд аз ин Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли равон чаҳор корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахтро барои "хунукназарӣ" дар иҷрои масъулият аз 7 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Ин афрод Эмомиддин Холовро тирамоҳи соли 2015 бо вуҷуди бемории гурдаҳояш саломат нишон дода, ба хизмати артиш фиристодаанд. “Хунукназарие”, ки ҷони як ҷавонро дар хатар гузоштааст.

Ozodi.org