Кумита ба пурзӯр намудани чораҳо барои пешгирии хариду фурӯши одамон ва ҳимояи ҷабрдидагон даъват кард

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мулоҳизаҳои ниҳоии худро пас аз баррасии гузориши даврии чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа нашр намуд.

Гузориши Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 2238 ва 2241-уми Кумита, ки рӯзҳои 14 ва 15-уми апрели соли 2026 баргузор гардиданд, баррасӣ шуд. Мулоҳизаҳои ниҳоӣ 27-уми апрели соли 2026 дар ҷаласаи 2256-уми Кумита қабул гардиданд.

Хариду фурӯши одамон

Кумита талошҳои пайвастаи давлати иштирокчиро ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо хариду фурӯши одамон, аз ҷумла густариши таъқиби ҷиноятии чунин ҷиноятҳо, ошкорсозӣ ва расонидани кумак ба қурбониён, баргузории маъракаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва хати телефони боварӣ ба эътибор мегирад.

Ҳамзамон, Кумита чун қабл аз он нигарон аст, ки мушкилоти хариду фурӯши одамон ҳанӯз ҳам актуалӣ боқӣ мемонад. Ҳолатҳои хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори ҷинсии занон, истисмори меҳнатӣ дар хоҷагии қишлоқ ва сохтмон, хариду фурӯши кӯдакон, инчунин издивоҷи кӯдакон нигаронии махсус ба бор меоранд.

Кумита инчунин мушкилот дар самти сари вақт муайян намудани қурбониён ва таъмини ҳимояи онҳо, бахусус миёни шахсони дар ҳолати осебпазир, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, занон ва кӯдакон ҳанӯз ҳам боқимондаро зикр мекунад.

Кумита ба давлати иштирокчӣ тавсия медиҳад, ки талошҳои худро барои пешгирӣ ва мубориза бо ҳамаи шаклҳои хариду фурӯши одамон идома диҳад, тафтиши ҳамаҷонибаи чунин парвандаҳоро таъмин намояд, шахсони гумонбарро ба ҷавобгарӣ ҷалб ва нисбати онҳо ҷазои муносиб таъин кунад.

Ҳамчунин давлати иштирокчиро зарур аст, ки ба қурбониён ҷуброни пурраи зарар, аз ҷумла ҷуброни муносиб ва офиятбахширо таъмин намояд, омодагӣ ва захираҳои кормандони милитсия ва прокуратураро барои ҷамъоварии далелҳо оид ба парвандаҳои хариду фурӯши одамон тақвият бахшад, инчунин омӯзиши ҳатмии судяҳо, нозирони меҳнат ва кормандони иҷтимоиро оид ба масъалаҳои ошкорсозии саривақтӣ ва муайян сохтани қурбониёни хариду фурӯши одамон таъмин намояд.

Ба ғайр аз ин, Кумита тавсия медиҳад, ки механизмҳои роҳнамоии ҷабрдидагон ба хизматрасониҳои дахлдори равонӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ густариш дода шаванд.

Матлаб дар доираи маъракаи иттилоотӣ бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа таҳия шудааст. Чорабинии мазкур ба боло бурдани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои мавҷудаи ҳимоя аз шиканҷа ва имкониятҳои дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ барои ҷабрдидагон равона гардидааст.

Хариду фурӯши одамон

44. Бо дарназардошти талошҳои пайвастаи давлати иштирокчӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо хариду фурӯши одамон, аз ҷумла тавассути густариши таъқиби ҷиноятии чунин ҷиноятҳо, ошкорсозӣ ва расонидани кумак ба қурбониён, гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва ташкили хати телефони боварӣ Кумита ҳамоно аз он нигарон аст, ки мушкилоти хариду фурӯши одамон актуалӣ боқӣ мемонад. Аз ҷумла, сухан дар бораи хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори ҷинсии занон, истисмори меҳнатӣ дар хоҷагии қишлоқ ва сохтмон, хариду фурӯши кӯдакон ва издивоҷи кӯдакон меравад. Кумита ҳамчунин мушкилоти боқимондаро дар самти сари вақт муайян намудани қурбониён ва таъмини ҳимояи онҳо, махсусан миёни шахсони дар ҳолати осебпазир, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, занон ва кӯдакон зикр мекунад (моддаҳои 2, 12-14 ва 16-и Конвенсия).

45. Давлати иштирокчиро зарур аст: талошҳои худро барои пешгирӣ ва мубориза бо ҳамаи шаклҳои хариду фурӯши одамон идома диҳад, таҳқиқи ҳамаҷонибаи чунин парвандаҳоро таъмин созад, шахсони гумонбарро ба ҷавобгарӣ ҷалб ва нисбати онҳо ҷазои муносиб таъин намояд, ба қурбониён ҷуброни пурраи зарар, аз ҷумла ҷуброни муносиб ва офиятбахширо таъмин кунад. Ҳамчунин давлати иштирокчӣ бояд омодагӣ ва захираҳои кормандони милитсия ва прокуратураро барои ҷамъоварии далелҳо оид ба парвандаҳои хариду фурӯши одамон таҳким бахшад, омӯзиши ҳатмии судяҳо, нозирони меҳнат ва кормандони иҷтимоиро оид ба масъалаҳои ошкорсозии саривақтӣ ва муайян кардани қурбониёни хариду фурӯши одамон таъмин намояд, механизмҳои роҳнамоии ҷабрдидагонро ба хизматрасониҳои дахлдори равонӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ рушд диҳад.

NotortureTj