Маблағи ҷубронпулӣ барои қурбониёни шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Маблағи ҷубронпулӣ барои қурбониёни шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст?

ПОСУХ: Дар системаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ барои қурбониёни шиканҷа бо меъёрҳои умумии қонунгузории гражданӣ оид ба ҷуброни зарар, инчунин бо кафолатҳои махсуси марбут ба амалҳои ғайриқонунии мақомоти давлатӣ асоснок карда мешавад.

Қоидаи асосӣ ин аст, ки зараре, ки ба шахс дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии мансабдорон расонида шудааст, бояд пурра ҷуброн карда шавад. Ин ҳам зарари моддӣ - даромади сарфгардида, хароҷот барои табобат ва офиятбахшӣ ва ҳам ҷуброни зарари маънавиро дар бар мегирад.

Агар шиканҷа аз ҷониби намояндагони давлат, ба монанди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё тафтишотӣ истифода шуда бошад, ҷавобгарӣ хусусияти оммавӣ-ҳуқуқӣ мегирад: ҷуброн аз ҳисоби буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. Асоси меъёриро аз ҷумла моддаҳои Кодекси граждании ҶТ: 15 (ҷуброни зарарҳо), 1189 (асосҳои умумии ҷавобгарӣ барои расонидани зарар), 1196 (уҳдадории давлат барои зараре, ки аз амалҳои ғайриқонунии мақомот ва шахсони мансабдор расонида шудааст) ва 16 (ҷуброни зарари маънавӣ) ташкил медиҳанд.

Ҳолате, ки шиканҷа бо ғайриқонунӣ боздошт намудан, ҳабс ё ба ҷавбобгарӣ ҷалб намудан пайванд аст, аҳамияти хоса дорад. Дар чунин ҳолатҳо механизми офиятбахшӣ татбиқ мегардад, ки дар натиҷаи он зарар новобаста аз гуноҳи шахсони мансабдори мушаххас ҷуброн карда мешавад.

 

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj