Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Раёсати ҲНИТ дар Бадахшон аз эҳтимоли шиканҷа шудани Карамхудоев дар боздоштгоҳ изҳори нигаронӣ мекунад.
Аммо раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосимдар як нишасти матбуотӣ дар Хоруғ гуфт, ки бовар дорад шеваи бархӯрд бо муттаҳамон Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров дар сохторҳои амниятӣ мутобиқ ба қонун сурат мегирад. Қ.Қосим, ки дар робита бо нигаронии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз эҳтимоли шиканҷа шудани ин ду боздоштшуда сӯҳбат мекард, гуфт, ки ин парвандаҳо дар чаҳорчӯбаи қонун тафтиш ва дар додгоҳ баррасӣ мешаванд. Бархе аз намояндагони ҳизби исломӣ дар Бадахшон низ ба худдорӣ аз гирдиҳамои дар робита ба ин ду қазия даъват карданд ва гуфтанд, ки аввал бояд натиҷаи пажуҳиш ва қарори додгоҳро интизор шуд.
Раиси вилояти Бадахшон Қ.Қосим гуфт, мақомот шикояти ахири модари Димон Ашӯровро низ ба инобат гирифтаанд: “Шумо нисбати сохтори амният каме шубҳа доред, баръакс сохтори амният воқеъбинона ин масъалаҳоро дида мебарояд. Вохӯрие, ки ахиран модараш дошт бо ин шахс ва маълумотҳое, ки мо дорем, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин масъала ба таври қонунӣ ҳаллу фасл мегардад”, гуфт раиси вилояти Бадахшон.
Изҳороти Қодири Қосим дар ҳоле садо дод, ки раёсати бахши вилоятии ҲНИТ ахиран мақоми амниятии Тоҷикистонро ба кашол ёфтани таҳқиқ ва баррасии парвандаи Шерик Карамхудоев, як масъули ҲНИТ дар Хоруғ муттаҳам кардааст. Карамхудоев дар ҷараёни амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ рӯзи 24 июли порсол боздошт шуда ва аз он замон то имрӯз дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
Раёсати бахши бадахшонии ҲНИТ иддао дорад, ки Шерик Карамхудоев дар боздоштгоҳ мавриди шиканҷа қарор мегирад ва аз мақомот тақозо кардааст, ки бархурд бо Карамхудоев одилона сурат бигирад.
Раёсати бахши вилоятии ҲНИТ инчунин аз кашолёбии таҳқиқи ҳодисаи куштори бераҳмонаи собиқ раиси ин ҳизб дар Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоев дар ҷараёни амалиёти рӯзи 24-уми июл низ интиқод кардааст. Раёсати бахши вилоятии ҲНИТ инчунин аз кашолёбии таҳқиқи ҳодисаи куштори бераҳмонаи собиқ раиси ин ҳизб дар Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоев дар ҷараёни амалиёти рӯзи 24-уми июл низ интиқод кардааст. Ҷонибдорони ин ҳизб бо такя ба наворе, ки ахиран дар интернет пайдо шуд, иддао доранд, ки Мамадризоев аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ боздошт шуда, дар ҳудуди қисми марзбонӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуд.