Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Манобеъ дар мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, муноқишаи маргбори 7 ноябр, ки бо марги ду корманди комиссариати ҳарбӣ анҷомид, зимни муайянсозии шахсият рух додааст.
Дар пасманзари сарусадоҳо, ки гӯиё муноқишаи кормандони комиссариат бо афроди номаълум ҳангоми “облава” сурат гирифтааст, манбаи “Озодагон” изҳор дошт, ки муноқиша зимни талоши кормандони комиссариат барои муайян кардани шахсияти афроди ҳамлагар сар задааст.
Манбаъ афзуд, ки то ҳол ягон гумонбар дар содир кардани ин ҷиноят боздошт нашудааст: “Гуруҳе барои бозпурсӣ даъват шуда буданд, аммо муайян гардид, ки онҳо ба ин ҷиноят рабте надоранд. Амалиёт барои муайянсозии шахсияти ҳамлагарон идома дорад”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои иттилоъ дар бораи ҳамлагарон ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот эълон кардааст.
Ин ниҳод мегӯяд, шахсияти афроде, ки дар бораи ҳамлагарон ба кормандони комиссариати ҳарбӣ маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон нигоҳ дошта хоҳад шуд: “Аз шаҳрвандоне, ки дар бораи шахсияти омилони ин қазия иттилое доранд, хоҳиш карда мешавад, ки бо рақамҳои 02, 102, 221-21-21 ва 221-15-00 ба милиса хабар диҳанд”.
Инчунин мақомот навореро нашр кардаанд, ки дар он гӯиё яке аз муттаҳамон сабт гардидааст. Дар навор ҳаҷми ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ эълон шудааст, аммо баъдан ВКД бо нашри як иттилоия онро то 10 ҳазор доллар боло бурд:
Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамлаи маргбор ба афсарони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод, ки соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябр рух додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод афроди номаълум дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пулод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссариати мазкур - Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки феълан амалиёт барои муайян ва дастгир намудани омилони ин ҳамла идома дорад.