Манъи мутлақи иштироки фаъолона ё ғайрифаъол дар фаъолиятҳое, ки метавонад шиканҷаро дар пай дошта бошад

Ба шумо мунтахаби Стандартҳои ҳадди ақал оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела пешкаш менамоем, ки ҳамасола 18-уми июл ҷашн гирифта мешавад.

Стандартҳои ҳадди ақали мазкур бояд барои мусоидат ба таъмини шароитҳои инсондӯстонаи маҳбасҳо, баланд бардоштани маълумотнокӣ дар мавриди он, ки маҳбусон қисми ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд ва эътирофи арзиши кори кормандони маҳбас ҳамчун хидмати иҷтимоии дорои аҳамияти махсус ба эътибор гирифта шаванд (17-уми декабри соли 2015 бо Қатъномаи 70/175-и Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудааст).

«Қоидаи 32

1. Муносибати байни духтур ё дигар мутахассисони соҳаи тиб ва маҳбусон бояд бо ҳамон меъёрҳои ахлоқӣ ва касбӣ, ки нисбати беморон дар ҷомеа татбиқ мешаванд, танзим карда шаванд, аз ҷумла:

а) уҳдадории ҳифзи саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии маҳбусон ва пешгириву табобати беморӣ танҳо дар асоси сабабҳои клиникӣ;

b) эҳтироми принсипи муносибати мустақилонаи маҳбусон ба саломатии худ ва розигии огоҳона дар муносибатҳои байни духтур ва бемор;

с) махфияти маълумоти тиббӣ, ба шарте ки ин ба бемор ё дигарон таҳдиди воқеӣ ва бевосита надошта бошад;

d) манъи мутлақи иштироки фаъолона ё ғайрифаъол дар фаъолиятҳое, ки метавонад шиканҷа ё дигар муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазоро дар пай дошта бошад, аз ҷумла озмоишҳои тиббӣ ё илмие, ки метавонанд ба саломатии маҳбусон зарар расонанд, ба монанди гирифтани ҳуҷайраҳо, бофтаҳои бадан ва узвҳои маҳбус.

2. Бидуни зарар ба муқаррароти банди 1 d-и ҳамин қоида, ба маҳбусон бо розигии озодона ва огоҳона ва мувофиқи қонунгузории амалкунанда иҷозат дода мешавад, ки дар озмоишҳои клиникӣ ва дигар тадқиқоти тиббии дар ҷомеа мавҷудбуда иштирок кунанд, агар лозим дониста шавад, ки ин гуна иштирок ба саломатии онҳо бевосита ва ба таври ҷиддӣ нафъ мебахшад, инчунин барои хешу табор ҳамчун донори ҳуҷайраҳо, бофтаҳои бадан ва узвҳо хизмат мекунад».

Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела)

NotortureTj