Механизми миллии пешгирикунанда дар Тоҷикистон: тавсияҳои байналмилалӣ ва моделҳои имконпазири татбиқ

Манъи шиканҷа дар моддаи 2-и Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ муқаррар шудааст ва хусусияти мутлақ дорад. На вазъияти фавқулода, на мубориза бо ҷинояткорӣ ва на дигар ҳолатҳо наметавонанд муносибати бераҳмонаро сафед кунанд. Аммо, танҳо як манъи расмӣ кофӣ нест. Ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф мекунад, ки пешгирии шиканҷа назорати доимӣ, системавӣ ва мустақилро талаб мекунад. Маҳз барои ҳамин Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа, ки таъсиси Механизми миллии пешгирикунандаро пешбинӣ менамояд, қабул карда шуд.

Мувофиқи моддаҳои 1, 17 ва 19-и Протокол, давлат уҳдадор аст мақоми мустақилеро таъсис диҳад ё таъин намояд, ки ваколати мунтазам боздид кардан аз ҳамаи ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, гирифтани маълумот дар бораи шароити нигоҳдорӣ ва гузаронидани суҳбатҳои махфӣ бо боздоштшудагонро дошта бошад. Сухан на атрофи вокуниш ба қонуншиканиҳои аллакай рухдода, балки дар бораи пешгирии хатарҳо тавассути шаффофият, таҳлил ва тавсияҳост.

Дар амал, Механизми миллии пешгирикунанда мониторинги мунтазаму мустақили тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатӣ, муассисаҳои ислоҳӣ, беморхонаҳои рӯҳӣ ва дигар муассисаҳои пӯшидаро таъмин мекунад. Худи далели назорати доимии беруна эҳтимолияти сӯйистифодаро коҳиш медиҳад. Таҳлили системавии мушкилот - аз ҳад зиёд пур шудан, дастрасӣ ба адвокат, ёрии тиббӣ ва шароити интиқол имкон медиҳад, ки тавсияҳо барои бартараф кардани сабабҳое, ки боиси муносибати бераҳмона мегарданд, таҳия карда шаванд. Кори муассири ММП эътимодро ба институтҳои давлатӣ тақвият ва садоқат ба уҳдадориҳои байналмилалиро нишон медиҳад. Айни замон Тоҷикистон Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷаро тасдиқ накардааст ва аз ин рӯ, ММП вуҷуд надорад.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар мушоҳидаҳои ҷамъбастии худ борҳо зарурати таъсиси ММП-и мустақил ва пурра амалкунандаро таъкид намуд. Дар Шарҳи умумии №2 (2008) Кумита мундариҷаи уҳдадориҳои давлатҳоро тибқи моддаи 2-и Конвенсия шарҳ дода, ишора бар он дошт, ки чораҳои муассири пешгирикунанда қисми ҷудонашавандаи манъи шиканҷа мебошанд. Дар мушоҳидаҳои ҷамъбастии худ оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон соли 2018 Кумита тавсия дод, ки ба тасдиқи Протоколи факултативӣ суръат бахшида, Механизми мустақили миллии пешгирикунанда таъсис дода шавад ва мустақилияти институтсионаливу молиявии он таъмин гардад, инчунин дастрасии бемамониат ба ҳама ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва имконияти муоширати махфӣ бо боздоштшудагон кафолат дода шавад.

Тавсияҳои ба ин монанд аз ҷониби Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ ҳангоми баррасии риояи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буданд. Кумита даъват кард, ки Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа тасдиқ гардад, кафолатҳо барои ҳимояи шахсони дар ҳабс қарордошта тақвият дода шаванд ва мониторинги мустақилу муассири ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ тибқи моддаҳои 7 ва 10-и Паймон таъмин карда шавад.

Таҷрибаи байналмилалӣ якчанд моделҳоро барои татбиқи ММП пешниҳод мекунад. Дар як қатор кишварҳо ин ваколат ба зиммаи институти миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон бо шарти мустақилияти пурраи институтсионалии он, мавҷудияти буҷаи алоҳида, гурӯҳи махсусгардонидашудаи тими корӣ ва иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вогузор шудааст. Дар дигар давлатҳо модели коллегиалӣ истифода бурда мешавад, ки дар он вазифаҳо байни якчанд сохтор - омбудсмен, комиссияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ тақсим карда мешаванд ва фаъолияти онҳо аз ҷониби мақоми ягона ҳамоҳанг мегардад. Модели омехта низ вуҷуд дорад, ки дар он омбудсмен нақши ҳамоҳангсозро мебозад, ба боздидҳои мониторингӣ бошад, коршиносони мустақил ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб карда мешаванд.

Таъсиси Механизми миллии пешгирикунандаи пурра метавонад муайянсозии саривақтии хатарҳои муносибати бераҳмонаро таъмин ва ба беҳтар шудани шароити нигоҳдорӣ мусоидат намояд, ҳамкории байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият диҳад ва мавқеи байналмилалии кишварро баланд бардорад. Тавсияҳои байналмилалии соли 2018 актуалӣ боқӣ мемонанд: тасдиқи Протоколи факултативӣ ва таъсиси ММП-и муассир на танҳо масъалаи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, балки қадаме ба сӯйи эҷоди системаи устувори пешгирии қонуншиканиҳо дар асоси мустақилият, шаффофият ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсонӣ мебошанд.